Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар як ҷомеа сарвар ва пешвои худро дорад. Пешво шахсест, ки ҷомеаро муттаҳид намуда, онро ба ҳадафҳои волои матлуб ҳидоят мекунад ва дар ин фаъолият, тамоми ҷомеа ӯро дастгирӣ менамояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазодди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии ғояи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Дар ҳар давру замон, дар ҷомеа пешвоёни сиёсӣ буданд, ки ба ҳаёти чомеа таъсири умда расонида, ҷомеаро аз бӯҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ пешгирӣ менамуданд. Масалан, чунин пешвоён дар ИМА – Ҷорҷ Вашингтон, Туркия –Камол Отатурк, Ҳиндустон – Махатма Гандӣ, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев буданд.

Љумњурии  Тољикистон 9-уми  сентябри  соли  1991 истиќлолияти  давлатии худро эълон кард ва сањифаи нав дар њаёти мардуми мо кушода шуд. Тољикистон соњиби Истиќлолият гардид. Вале, мутаассифона њанӯз аввалин солгарди  истиќлолияти давлатиро љашн нагирифта,  кишвари мо ба гирдоби љанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод

Дар шароити душвори чанги шахрванди вакилони мардумї 16-уми ноябри соли 1992 дар Ќасри Арбоби шањри Хуљанд Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистонро баргузор карданд ва дар он Иҷлосияи тақдирсоз Эмомали Рахмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Пешвои миллат баробари ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Нињоят, баъд аз панҷ соли муқовимати мусаллаҳона корвони сулњи тољикон 27-уми июни соли 1997 ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулњ ва ризояти миллї марњилаи комилан нав ва созандае дар њаёти мардуми Тољикистон оғоз ёфт, ки ин дастоварди нодиртарини миллат дар даврони истиқлолият мебошад. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон 29 -сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттањид сухан ронда, љомеаи љањониро бо нияту наќшањои бунёдкорона, њадафњои сиёсии сулњљўёна, расидан ба вањдати миллї, инчунин тањкиму таќвияти њамкорињо бо њама кишварњои дўсту сулњпарвари љањон ошно намуд.

Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Дар ин замина Тоҷикистон бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2100 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст. Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шудааст.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад:

Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ки ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад.

Ҳавзаи дувум Осиёи Марказист, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардумони ин минтақа аст.

Ҳавзаи сеюм аз фазои зисти давлатҳои ҳамсояи форсизабон иборат буда, ҳавза ҳамбастагии таърихӣ, динию фарҳангӣ ва дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад.

Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро ягонагии дину ойин ва суннатҳои динӣ ба ҳам мепайвандад.

Ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аст. Дар шароити имрӯзаи чаҳони дар сиёсати хориҷии давлатҳо созмонҳои минтақавии байналхалқи нақши муҳимро мебозанд. Дар ин радиф, имрӯз Тоҷикистон аъзои фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва бо баробари ин, кишвари мо дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ аъзо аст. Раисии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар соли 2018 гузашт. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад, ки  ин созмон дар таъмини амнияту оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ фаъолият мебарад.

Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ, аз ҷумла, дар самти табодули мол, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, охири соли 2002 ташаббуси сиёсати «дарҳои боз»-ро эълом дошт. Кишвари мо ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисоди (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд, Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ ва ғайра

Айни ҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратҳои  давлатҳое чун Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Франсия, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Қирғизистон кушода шуда, ба фаъолияти мунтазам шурӯъ намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар 30 давлати хориҷӣ – Австрия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Белгия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Куба, Озарбойҷон, Олмон, Миср, Покистон, Туркия, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Украина, Эрон, Чин, Ҷопон, Швейтсария, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Қирғизистон намояндагиҳои дипломатӣ (сафоратҳо).

Ҳоло, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубаи Амороти Муттаҳидаи Араб, Станбули Ҷумҳурии Туркия, Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳрҳои Екатеринбург, Уфа, Санк-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия, фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, дар таърихи сиёсати хориҷии кишварамон дар масири истиқлолият бори аввал институти Консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ин замина Консулҳои фахрии мо дар кишварҳои дунё ба фаъолият шурӯъ намуданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои  минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ба масъалаи ҳавзаи баҳри Арал диққати ҷиддӣ медиҳад. Кишвари мо яке аз муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷидду ҷаҳди худро барои ҳалли ин масъалаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо ба мушкилоти наҷоти баҳри Арал, балки ба масъалахои таъмини аҳолии дунё бо оби нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои об таваҷҷӯҳи ҷиддӣ медиҳад. То имрӯз, чаҳор ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли масоили вобаста ба об аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид  дастгирӣ шуданд, ки онҳо натиҷаи дастоварди умдатарини сиёсати хориҷии кишвар мебошанд:

  1. Соли байналмилалии оби тоза эълон намудани соли 2003;
  2. Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015
  3. “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”эълон шудани соли 2013
  4. “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”,

Дигар ташаббусҳо ва дастовардҳои назарраси байналмилалии Тоҷикистон:

Ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешбурди Лоиҳаи энергетикии минтақавии “CASA-1000” (CASAREM) байни 4 давлати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мебошад.

Ташаббусҳои дигари байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар бар мегирад. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳимтарин таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст. Вобаста ба ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таий солҳои охир Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018  дар ш. Душанбе)  ва Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (ш. Душанбе 16-17 майи 2019 ) барпо кардааст. Ҳамчунин, Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё(СICA)  таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 июни соли 2019  ш. Душанбе) барпо шуда гузашт.

Муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО:

Мусиқии Шашмақом ва иди ниёгони мо – Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримодди ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти ЮНЕСКО ворид гардиданд. Соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.

Бояд кайд кард, ки дар соли 2018 дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон тағийротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, ба рушди тамоми маҷмӯи муносиботи ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷумла, 9- марти соли 2018, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ташрифи ӯ аз тарафи ду давлати  хамсоя баимзорасии санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буд ва аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегирифт, сурат гирифт.

Ҳамчунин, 17 августи соли 2018 Президенти кишвари мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари  ҷавобии расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Дар ин сафари корй, бастаи калони санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки дар байни ин ҳуҷҷатҳо аз ҳама муҳим имзои “Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ” буд, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. Ба ғайр аз ин, дар доираи сафари давлатӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд. Ин шаҳодат аз он аст, ки воқеан  Пешвои миллати моро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва сатҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои бунёдӣ ва созандааш мешиносанд ва тавассути ӯ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст.

Њамин тариќ, Љумњурии Тољикистон тайи зиёда аз чоряки соли истиќлолияти худ дар пешбурди сиёсати хориљї ва таќвияти љойгоњу нуфузи худ дар арсаи љањонї ба комёбињои назаррас расид. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон  ва азму ҷасорати қавии ӯ, марзу буми кишвар аз вартаи нестшавӣ эмин дошта шуд, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё ва мардуми овораву саргашта ба Ватан бозгардонида шуданд, ваҳдату ҳусни тафоҳум дар дохили кишвар барќарор шуд ва љойгоњу нуфузи кишвар дар хориљ устувор шуд. Бо ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ,ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар мекунад ва Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз кишвари вайронгашта ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,
Ом
ӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ,
ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *