Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки «экстремизму терроризм сарҳад ва миллат надорад». Бинобар ин ба вукўъ пайвастани ҳодисаҳои нохуши террористӣ ки имрўзҳо дар тамоми гўшаву канори сайёра рух медиҳаду боиси марги мардуми бегуноҳ (аламовараш занону кўдакон) мегардад, аз ягон давлат кафолати амнияти худро бо вуҷуди кўшишҳои зиёд дода наметавонад.
Ҳодисаи нохуше, ки санаи 6- уми ноябр дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқўъ пайваст ба ақидаи доирае аз инсонҳои ба ном«тоҷик»обрую нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ коҳиш дод. Вале, ҳамагон бояд донанд, ки дар мубориза бо терероризм ва экстремизм давлатҳои абарқудрат низ оҷизӣ доранду дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ ҳамкориву ҳамдастиро хоҳонанд.
Тоҷикистон бо сарварии Пешвои хирадманди худ яке ташаббускорони фаъоли мубориза бо терроризму эктримизм буда, чандин маротиба аз минбарҳои баланд таклифи ҳамкориҳои судмандро ба миён гузоштааст. Мегўянд хамсояро интихоб намекунанд, вале маҳз ҳамсарҳад будан бо Давлати Исломии Афѓонистон кори мубориза бо терроризмро душвор сохтаву барои инсонҳое, ки даст ба чунин амалҳои нангин мезанад, кушода медиҳад. Такмил додан, беҳтар кардани сифати тарѓибу ташвиқоти солим ва созанда яке аз кафолатҳои муҳими таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа ва пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ мебошанд. Яъне ҳар яки мо пеш аз даст задан ба ягон амали зишт ва ё амале, ки ваҳшиёна аст, бояд фикр кунем: «Оё чунин амали ман дуруст аст?», «Оё ин мусалмонии маро исбот мекунад?
Албатта, дуруст нест, ин амали зишт мусалмониро исбот намекунад ва ин роҳи ислом нест, балки ин роҳи мусалмонони ѓаразнок ва соҳиби мафкураи паст мебошад. Пас, биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрўзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрўз ва фардои худ талош варзем.