(Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати “Рӯзи дониш” аз 01.09.2024)

01 сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана суханронии хешро ба муносибати “Рӯзи дониш” ба аҳли илму маориф ва хонандагону донишҷӯёни кишвар ироа карданд.
Зимни суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рақмон махсусан қайд карданд: “Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.”
Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад. Зеро, дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад.
Вобаста ба ин, дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.
Масалан, агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд.
Аз 1-уми июли соли 2024 маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид. Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардид.
Бояд қайд кард, ки имрӯз шумораи муассисаҳои зинаи таҳсилоти томактабӣ соли 2024 ба 720 расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар кишвар соли таҳсили 1991 – 1992-юм ҳамагӣ 3229 мактаб бо фарогирии 1 миллиону 325 ҳазор хонанда фаъолият дошт.Имрӯз беш аз 4000 мактаб ва 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонанда дар кишвар фаъолият мебарад, ки дар муқоиса аз солҳои қабли 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.
Ҳоло дар кишвар 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос бо фарогирии беш аз 18 ҳазор нафар хонанда барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат мутахассис омода карда мешавад.
Инчунин, дар 39 маркази касбомӯзии калонсолони назди Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 46 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омӯзиши 78 намуди касбу ҳунар машғул мебошанд
Ҳамчунин, айни ҳол дар кишвар 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, яъне коллеҷҳо бо фарогирии 90 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд.
Барои муқоиса, то замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо 40 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард. Яъне афзоиши шумораи ҳам муассисаҳо ва ҳам донишҷӯёни онҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз ду баробарро ташкил медиҳад.

Соли 1991 дар кишвари мо ҳамагӣ 13 мактабҳои олӣ фаъолият мекарданд, ки дар онҳо 69 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард. Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 47 расида, дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯён ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ машғул мебошанд.Инчунин, зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мо дар беш аз 40 кишвари дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд.
Танҳо дар Федератсияи Россия беш аз 20 ҳазор ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда истодаанд. Ба замми ин, ҳоло дар кишвари мо як донишгоҳи муштарак, яъне Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон ва филиалҳои панҷ донишгоҳу донишкадаи бонуфузи хориҷӣ бо шумораи умумии 10 ҳазору 500 нафар донишҷӯ фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдан аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нақш гузоштан, инчунин, муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилали ба чигунагии муносибат ба илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагии зиёд дорад.
Вобаста ба ин, бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2020-2040-«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда буданд. Зеро, омӯзиши фанҳои табиӣ тафаккури техникии ҷавононро тавсеа бахшида, онҳоро ба рушди ихтироъкориву кашфиёт ҷалб менамояд.
Бо мақсади дастгирии наврасон ва ҷавонон, Пешвои миллат дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.
Бар замми ин, Сарвари кишвар пешниҳод намуданд, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд.
Инчунин, дар солҳои охир, бо дастури Роҳбари давлат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораҳои стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд. Аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 расонида шуд.
Илова ба ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳоло ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад.
Дар баробари ин, ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон Ҳукумати кишвар стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон»-ро таъсис дод.
Бо мақсади, беҳтар намудани фаъолияти ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон” қабул гаштаанд.
Ҳамаи ин ташаббусу дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии наврасон, ҷавонон ва умуман аҳолии кишвар мебошад.
Бинобар ин, ҷавонон вазифадоранд, ки ин сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодӣ ва манфиатҳои миллии кишвари маҳбуби мо ҳамеша кӯшишу талош варзанд. Зеро, дар шароити пуртазоди вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои давлатӣ маҳсуб мешаванд.
ФИРӮЗ .ҲОШИМОВ,
сармуаллими кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд