Ҳамасола санаи 1 сентябр дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони биҳиштосо яке аз ҷашнҳои фархунда – Рўзи Дониш таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён – устодону донишҷўёни гиромиқадрро ба муносибати оғози соли таҳсили 2024-2025 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омўзиши илму дониш ва тадқиқотҳои илмӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям. Мо ифтихор аз он дорем, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд. Донишкада фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст. Маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб мешавад ва мо, аҳли маориф, ҳамасола таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати кишварро ба мактабу маориф бештар эҳсос менамоем ва шукрона мекунем, ки дар давлати озоду обод ва соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем. Мо бояд тамоми имкониятҳоро ба он равона намоем, ки насли ояндасози миллат аз таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, заҳмати содиқонаи мардуми кишвар барои ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зарурати ҳифзи онҳо, аҳамияти соҳибихтиёрӣ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони пуртазоди муосир огоҳ бошанд. Тарбияи насли босаводу донишманд ва кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат муҳимтарин вазифа ва бузургтарин хизмати аҳли маориф дар ҳифзи давлатдории миллиамон хоҳад буд. Ҳамчун анъана Рўзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, зеро ин ду мафҳум, дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрўзҳо гўшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифтааст. Дар робита ба ин таъкид менамоем, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси миллат, аз ҷумла Шумо омўзгорону хонандагон мебошад. Бинобар ин ҳар лаҳзаи умри худро сарфи донишомўзӣ, забономўзӣ, омўзиши касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир намоед, то ки ворисони ҳақиқии аҷдодони худ ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ гардед. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи мамлакат ва рушди илму маорифро аз заҳматҳои омўзгорон дониста, барҳақ таъкид намудаанд, ки: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». Бо ин таманниёти нек, бори дигар оғози фараҳбахши Соли нави таҳсил ва Дарси сулҳро табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгор, саломатии бардавом ва дар ҷодаи пуршарафи таълиму тарбия барору комёбиҳои беназир таманно менамоям. Дарси сулҳ ва Рўзи Дониш мубораку фархунда бод, устодон ва донишҷӯёни арҷманд!