БА ХОТИРИ ҲИФЗИ СУЛҲУ ОРОМӢ ВА ПОЙДОРИИ СУБОТИ СИЁСИИИ ҶОМЕА МО ҲАМА БОЯД МУТТАҲИД БОШЕМ!

Рӯйдодҳои охирини ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус, авзои кунунии Афғонистон нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла, дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон бештар ба назар мерасад. Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки ҳаракати “Толибон” нимаи августи соли 2021 Афғонистонро комилан ғасб намуданду аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Дар натиҷа дар ин кишвар имрўз даҳҳо гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар қаламрави Афғонистон вазъиятро мураккабтар намудаанд. Бахусус, аъзоёни ДИИШ, Ал-Коида, Ансоруллоҳ ба таври ошкору пинҳонӣ дар қаламрави Афғонистон маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Ин созмонҳои террористӣ бо истифода аз вазъу шароити баамаломадаи Афғонистон барои амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои ғайриинсонии худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш доранд. Алалхусус, соли ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни созмони террористии “Ансоруллоҳ” ду маротиба аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон убур карда, кушиши анҷом додани амалҳои террористӣ карданд. Хушбахтона аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон онҳо саривақт пешгирӣ карда шуданд. Масалан, рӯзи 26-уми апрели соли ҷорӣ дар мавзеи Дашти Язгулои ноҳияи Ванҷи ВМКБ ду нафар аз аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буданд, дастгир карда шуданд. Дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира гардиданд. Инчунин шаби 29 ба 30 августи соли равон дар ҳудуди деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз се нафар аъзоёни фаъоли “Ансоруллоҳ” бо мақсади содир намудани амалҳои номатлуб марзи Тоҷикистонро убур карданд. Яке Зариф Бобоҷонов, зодаи ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара бо лақаби “Усмон”, раҳбари ин гурӯҳ мебошад. Ду нафари дигари ин гурӯҳ Фарҳод Баҳодуров, зодаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод ва Аҳтам Қосимов, зодаи шаҳри Кулоб мебошанд. Ин се нафар аъзои “Ансуллоҳ” дар баробари силоҳҳои дар ихтиёр доштаашон, ҳамчунин қаблан аз ҳудуди Афғонистон миқдори зиёди аслиҳа, маводи тарканда, таҷҳизоти иртибототиро дар паноҳгоҳе ҷой карда буданд ва баъд аз муайян кардани ҷойи будубоши ин гурӯҳ, амалиёти зидди онҳо 5 сентябри соли ҷорӣ анҷом дода шуд. Ин ҳодисаҳо бори дигар собит менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ҳар як шаҳрванди ҷомеаи муосир бар алайҳи терроризиму ифротгароӣ бояд бетараф набошад ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, ба худ хулосаи зарурӣ барорад. Вазъияти ногувори ҷаҳонӣ, бахусус вазъияти баамаломада дар Афғонистон талаб мекунад, ки имрўз бояд ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар ба худ хулосаи зарурӣ барорад, яъне ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Ш. АБДУЛФАЙЗОВА ,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *