НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, масъалаи таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои асосии рушди устувор дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳониро бисёр ноорому бесубот ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир дар баъзе минтақаву кишварҳои сайёра, чун терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, сахт ба ташвиш овардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир рӯ ба рӯ гашта, то ҳол амалҳои гурӯҳҳои террористиву тундгаро ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат ба терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хело муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад .Дар ин радиф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.”Аз лиҳоз, нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти кишвар хело бузург арзёбӣ мегардад.
Бояд хотиррасон кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ба гирдоби љанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Дар чунин вазъи ниҳоят пурҳассосу мураккаб ва печидаи сиёсӣ касе аз сиёсатмадорони ҳамон вақт ҳозир набуд, ки масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, кишвари тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нестӣ ва парокандӣ эмин намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушду эҳёи давлати милли тоҷикон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд. Маҳз кушишу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки корвони сулҳи тоҷикон 27-уми июни соли 1997 баъд аз панҷ соли муқовимати мусаллаҳона ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ хотима ёфт. Ҳоло таҷрибаи сулҳофари Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро, дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад. Ин масъала, дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» зикр карда шудааст: “Паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”.Аз ин ҷост, ки бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот таҳдид ба амнияти давлат маҳсуб мешаванд. Барои рушди давлат омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар роҳи дурустӣ пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, дар кишвари мо бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2020-2040-«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудаанд. Зеро, омӯзиши фанҳои табиӣ тафаккури техникии ҷавононро тавсеа бахшида, онҳоро ба рушди ихтироъкориву кашфиёт ҷалб менамояд. Илова ба ин, Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон чиҳати баргузор намудани озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва дигар чорабиниҳоро ба роҳ мондааст.
Солҳои охир, дар асоси дастури Роҳбари давлат шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400нафар ба 3000 нафар, шумораҳои стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 нафар расонида шуд. Аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст. Дар ин муддат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 нафар расонида шуд. Илова бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳоло ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад ва то ба имрӯз 163 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон Ҳукумати кишвар стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон»-ро таъсис дод. Ҳамаи ин ташаббусу тадбирҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд бештар кушиш намоянд, ки илму дониш ва касбу ҳунар аз худ намоянд. Зеро дар замони рақобату мухолифатҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо он давлат рушду тараққӣ ва манфиатҳои миллии худро ҳифз карда метавонанд, ки соҳиби шаҳрвандони бомаърифату донишманд бошад.
Имруз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни расонидани хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд. Махсусан, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи умумии симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил медиҳад, ки 5 миллиону 460 ҳазору 504 муштариёни фаъол мебошанд. Ҳоло дар кишвар шумораи истифодабарандагони интернет ба 4,5 миллион расидааст. Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ба шабакаҳои иҷтимоии интернет ворид гашта, фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мешаванд. Дар ин радиф, ҷомеашиносони барҷастаи ҷаҳон мегӯянд: “Агар давлатро нобуд кардан хоҳӣ пеш аз ҳама насли наврасу ҷавонашро мағзшӯи намо, давлат худ гирифтори парокандагӣ гашта, аз байн хоҳад рафт”. Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар ҳангоми ворид шудан ба фазои интернет ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру зирак ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар омода бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ва амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар маҳсуб мешаванд.
Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Вобаста ба ин, ҷавонони кишварро зарур аст, ки таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки гузаштаи худро омӯхта, онҳоро бо забонҳои хориҷӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.Ҷавонон доимо кушиш намоянд, ки ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим шуғл варзанд. Ҳамчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона ва сарбаландона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу субот ва оромии кишвар нақши худро гузоранд.
Бо мақсади, беҳтар намудани фаъолияти ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон” қабул гаштаанд.
Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шуда, кишвари мо дар асоси ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳала ба марҳала намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамчунин, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъин гардиданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.
Имрӯз панҷ ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ва иқлим дар ҷаҳон тавассути Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 мебошанд.
Дар баробари ташаббусҳо дар соҳаи об ва иқлим, ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои худро ҷиҳати мубориза зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтаца ва ҷаҳон равона карда истодааст.
Аз ин лиҳоз, тайи солҳои охир, бо ибтикори Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» дар кишвари мо се конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гаштанд. Аз чумла, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018 дар ш. Душанбе), конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (ш. Душанбе 16-17 майи 2019 ) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” (18-19 октябри 2022) баргузор гаштанд.
Њамин тариқ, бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ эмин нигоҳ дошта шуда, мавқеи кишвари мо ҳамчун кишвари сулҳдӯсту созанда ва бунёдкор дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Дар ин радиф, ҷавонон, бояд кушиш намоянд, ки ин ташаббусу иқдомҳои Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намоянд ва барои ҳифзу пешбарии манфиатҳои миллии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд. Ҳамчунин, ҷавонон сайю талоши худро ҷиҳати ҳимояи ин дастовардҳои истиқлоли давлатӣ чун сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва ваҳдати миллӣ равона намоянд. Зеро, дар шароити пуртазоди вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои давлатӣ маҳсуб мешаванд.

ҲОШИМОВ Ф. Ҷ.,
сармуаллими кафедраи ҷомеашиносии
ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *