Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 18-уми майи соли равон дар бинои таълимии Nº4 чорабинии идона бахшида ба гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтиёриён – хатмкунандагони Донишкадаи иктисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар хоҳишмандони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият супоридаанд, иштирок намуданд. Дар чорабинии идона муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Солизода Умед, директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҷалилзода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки ватандӯстию меҳанпарастӣ аз давраҳои қадим ба халқи тоҷик хос буда, чандин нафар фарзандони барӯманди ин меҳан дар роҳи Ватан ҷони худро нисор кардаанд. Меҳмонон зимни суханронӣ аз шароитҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз зиёдшавии шумораи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иттилоъ доданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни Донишкада бо суруду тарона ва баромадҳои ҷолиби ватандӯстона хотири ҳамагонро болида намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *