Мо кормандони шуъбаи илм ва инновастияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир яке аз бадхоҳи миллат- пайрави наҳзат афроде бо номи Ҳусейн Ашуров тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Ҳақ ва ботил” дар давоми соли равон баромад намуда истодааст, сараввал суханҳои сафсатаашро махкум намуда, зимни изҳороти хеш вобаста ин масъала, ибрози андеша менамоем.
Ҳусеён Ашӯров ровии барномаи ифротии “Ҳақ ва ботил” мебошанд, ки санаи 17 майи соли равон худро “уламои дин”нишон дода, ба устодаш афроди бешараф-Муҳаммадиқболи Садриддин,ки ровии “Минбари муҳоҷир”мебошад, айнан тақлид намуда, бо суханрониҳои дорои мазмуну моҳияти экстремистию террористидошта, бо ғаразҳои разилонаю нопок ва асосан оид ба масоили дин ва динситезӣ баромади ифротӣ намуд. Бояд ёдовар шуд,ки аксаран гуруҳу созмонҳои экстремистӣ барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.Онҳо бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад. Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд. Хулоса, дар чунин вазъият набояд бетафовутӣ зоҳир кард. Намегузорем, ки дар байни мардуми кишвар бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру андешаҳои радикалии динӣ ва экстремистӣ паҳн гарданд. Вақти он аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш баромади навбатии афроди роҳгумзада – Ашуров Ҳ., ки оид ба масоили дину динситезӣ буд, суханҳои беасоси ифротиашро шадидан маҳкум намуда, қайд менамоем, ки вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум аст. Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.