Нақшаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳ ба кор намеояд!

Ҳар боре, ки дар матбуоти даврӣ оиди ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш маводе чоп шавад, давраҳои мудҳиш ва барои миллати тоҷик бадбахтонаи солҳои 90-уми асри гузашта пеши назар меояд.

Бале он рӯзҳои мудҳише, ки ба сари миллати тољик омад онро танҳо ва танҳо як гуруҳ душманони миллат, ки атрофи Ҳизби наҳзати ислом љамъ омада буданд, ташкил намудаанд. Дар он давра аввалин маротиба хунрезии дастаҷамъона дар деҳаи Олӣ Совет-и ноҳияи Ленин имрӯза Рӯдакиро онҳо ташкил намудаанд. Арбобони илм, қаламкашон, шахсиятҳои барљастаи миллати тоҷик Исҳоқӣ, Ғуломов, Олимпур, Муродулло Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев аз дасти ин нољавонмардон кушта шудаанд.

Халқи тољик  хуб дар ёд дорад, ки дар он солҳо Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фиреб баъзе одамони гумроҳро ба майдонҳо ҷамъ оварда , майнаи сари баъзе љавонони гумроҳро шуста, зинда ба зинда љанозаи онҳоро мехонданд, ки мислаш дар дигар созмонҳои терористии байналхақӣ вуҷуд надорад.  Дар он давра дар дегҳо ҷӯшонида хурокҳои гуногун, бо яроқҳо таъмин будани тарафдорони онҳо дар минбар суханрониҳои Эшони Қиёмиддину Ғозиву, Мавлавии Аёмиддин љомеаро ба таҳлуқа андохта буд.

Дертар маълум гардид, ки таъминкунандаи моливу пулӣ ин бетартибиҳо Оятуллоҳову Охундҳои Ҳизби наҳзати исломӣ будаанд. Наҳзатиҳои гузаштаву имрӯза барои нафси худ Тољикистони азизро ба коми љанг кашида, ҳазорҳо-ҳазор халқи тољикро нобуд карда, ҳазорҳо хонаи тољикро вайрон намуданд.

Дар кадом асари Чингиз Айтматов оиди манқурт сухан рафта, чунин тасвир карда шудааст, ки Хоҷа мӯи сари ғуломи сари худро тарошида дар он пусти моли навкуштаро печонида мебандад, то он лаҳзае, ки мӯи сари ғулом аз нав рӯида ба қабати пуст надарояд. Пас аз ин ғулом манқурт мегардад.

Бале Кабирӣ ва думравонӣ ӯ ғуломи манқурти Охундаҳову Оятуллоҳо мебошад. Зеро дар сурати иҷро накардани хостаҳои хоҷагонашон, хољагон пустаки сари Кабириро гирифтани мешаванд. Талаб кардани пустаки сари манқурт барои ӯ ба марг баробар аст. Кабирӣ ва думравонаш гурге дар пустини меш мебошанд. Ҳарчанд онҳо медонанд, ки алакай пустини меш даридаасту симои гургии онҳо пурра аён аст.

Имрӯз хоҷагони Кабириҳо дарк кардаанд, ки Тоҷикистони имрӯза, Тоҷикистони солҳои 90-ум нест.

 Эй Охундҳо, Оятуллоҳо шумоён ба косалесонатон фаҳмонед, ки сиратон фош шудааст. Тољикистон бо сарварии фарзанди фарзонааш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати воҳид, ҳамчун давлати пурқувват, ҳамчун давлати пешрафта мубаддал гардидааст. Халқи тоҷик дар атрофи Сарвараш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардидааст. Халқи тољик озод, хонаи тољик обод мебошад.

Имрӯз ягон нақшаи палидонаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз кор намеояд, зеро халқи тољик симои разилонаи ин гуна шахсонро медонад ва мешиносад. Аз гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз ҳар як фарзандаш меболад, мефахрад, дуст медорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад.

Тоҷикистон мекунам шукри ками бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Ман зи ту сарват намехоҳам Ватан ҳасти бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Устодони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ
Саидзода Хоҷа, Маҳмудов Шаҳзод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *