Изҳороти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон оид ба ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаракату анҷуман ва созмонҳои ифротгаро

Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи амният дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад ва ин самари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти бо суботи кормандони амният ва хирадмандии халқи тоҷик аст.

Дар шароити феълии рушди ҷомеаи башарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ташкилотҳову ҳизбҳои гуногун таъсири худро кӯшиш карда истодаанд расонанд. Аз вазъияти ҳассос истифода бурда, баъзе гурӯҳҳои фитнаангезу дасисабоз бо шиорҳои баланди бунёди фарҳанги демократӣ сайъ карда истодаанд ба вазъи осоиштаву оромии Тоҷикистони азизамон таъсири хешро расонанд.

Мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин оромии том, сиёсати ободкоронаи давлат расанд, зеро ки дар ҷаҳони муосир дар якчанд давлатҳои Шарқи Наздик Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дорад ва хасороти зиёди иқтисодӣ ва ҷонӣ дар пайи худ овардааст. Дастгирии сиёсати ҳукумати кишварамон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Яке аз масъалаҳои марказие, ки чун доғи рӯз дар тамоми васоити ахбори умум баррасӣ гардида истодааст, ин масъалаи ҲНИ мебошад. Аз як тараф агар рӯзноманигорон ба омма ин масъаларо баррасӣ намоянд, аз ҷониби дигар худи шаҳрвандон низ аслу моҳияти ин ташкилотро дарк намуда истода, фикру акидаҳояшонро иброз дошта истодаанд.

Дар қарни XXI ҳар яки мо зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем, зеро қувваҳои гуногуни манфиатҷӯ барои манфиати ғаризонаи худ, ҳатто омода ҳастанд, ки давлатҳои тараққикардаистодаро аз байн баранд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки халқи мо аз сари худ гузаронид ин натиҷаи фаъолияти афродони бадхоҳ ба монанди намояндагони ҲНИ буд.

Хушбахтона, имрӯз миллати абарқудрати тоҷик бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти  кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шукуфоии кишвари биҳиштосои худ софдилона меҳнат карда истодааст.

Аҳли кафедаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон тамоми ҳаракатҳову анҷуманҳое, ки аслан мақсади норавшан доранду аз беруни кишвар истода ба ҷомеаи кишвар арзишҳои бо ном демократиро ба мо насиҳат менамоянд, қатъиян маҳкум намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки устодон ва ҷавонони арҷманди диёрамон дар сафи тарафдорони сулҳу ваҳдат устувор ҷой бигиранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *