Нақшаҳои амали нашудаи мухолифин дар оғози соҳибистиқлолӣ

Солҳои 70 – 90-уми қарни гузашта дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва фаъолияти корӣ мебурдам. Ин давраи ҳаёти худро барои он ба хотир меорам, ки шоҳиди воқеаҳои нангине  будам: душманони миллат аз охири солҳои ҳаштодум то охири солҳои навадум ба сари халқи азизи кишварамон чӣ рӯзҳое вазнине оварда буданд. Аз аввали солҳои навадум дар  пойтахт  вазъият нооромтар мегашт. Бо гузаштани рӯзҳо вазъият дар шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз муташанниҷтар мешуд. Аввалҳо гирдиҳамоиҳо фақат дар майдони Ленин (он вақтҳо дар он ҷо муҷассамаи В. И. Ленин воқеъ буд) баргузор мегаштанд. Ҳоло ин майдон куллан обод гашта, номи шоҳ Исмоили Сомониро гирифтааст.

         Гирдиҳамоиҳо бар зидди Ҳукумати қонунии Тоҷикистон равона карда шуда буданд. Аввалҳо гирдиҳамоиҳо дар чанд рӯз як бор, баъдтар якчанд рӯз паи ҳам доир мешуданд, сонӣ бошад, хусусияти доимӣ гирифтанд.

         Рӯзе баъд аз анҷоми кор бо яке аз олимони дар он айём ҷавон, ҳоло олими машҳур, доктори илм, профессор, шахси бисёр хоксору бофаросат ва бамаданият ба хулосае омадем, ки ба майдони Ленин рафта, бишнавем, то онҳо чӣ мехоҳанд ва барои чӣ ин қадар мардумро сарсон менамоянд. Вақте ки майдон омадем, он ҷо пур аз мардум буд. Намояндагони ҳизбҳою ташкилотҳои мухолифин, аз ҷумла ҳизби то ҳанӯз ба қайд нагирифтаи наҳзати исломӣ баромадҳо намуда, бо сухану далелҳои беасос сарнагун намудани Ҳукумати қонунӣ ва барқарор гардонии ҳукумати ба ном мардумиро талаб мекарданд.

         Сӯҳбатҳо бо чанд нафар иштирокчиёни  ҳамоиши онрӯза маълум намуд, ки аксарият шахсони гумроҳшуда мебошанд. Дар байни онҳо бисёр ҷавонон, асосан донишҷӯён буданд. Барои онҳо, ба фикри ман, гирдиҳамоӣ як намоишгоҳе буд, ки ба мазмуни он сарфаҳм нарафта, ҳамарӯза он ҷой мерафтанд. Онҳо оқибати ин масъаларо намефаҳмиданд. Дар байни ҳамоишчиён бисёр занону духтарон, аз ҷумла занҳои миёнсоле буданд, ки қисми зиёди онҳо аз ноҳияҳои гирду атроф сукунат доштанд. Маърӯзачиён нотиқони хуб буданд, онҳоро махсус интихоб мекарданд, ки то тавонанд таваҷҷӯҳи ҳамаро ҷалб намоянд. Аммо, суханрониҳои онҳо бе мазмун буд. Даъватҳояшон ба муташанниҷгардонии вазъият равон шуда буд. Ҳамон рӯз, нағз дар хотир дорам, яке аз маърӯзачиён раиси Ҳаракати мардумии “Растохез” Тоҳири Абдуҷаббор буд. Ман бори аввал суханронии ӯро шунидам ва ӯ нотиқи хуб низ будааст. Бисёр даъватҳои ӯ мисли дигарон беасос буданд. Шом ҳам наздик мешуд. Аммо, аз майдон гирдиҳамомадагон намерафтанд.

         Ману ҳамроҳам ба хулосае омадем, ки ин ҳамоишҳо роҳи ҳалли масъала нестанд. Ва он ҳизбҳою ҳаракатҳо ба мақсад ҳам расида наметавонанд. Баъд аз майдон ба сӯи манзиламон равон шудем. Ҳамроҳамон 4 – 5 нафар занҳои миёнсол низ аз майдон мерафтанд. Яке аз онҳо ба мо муроҷиат карда, гуфт, ки барои чӣ Шумо аз ҳамоиш рафта истодаед? Мардҳо ва ҷавонон бояд то рӯз ин ҷо монанд. Онҳо низ пагоҳ барвақттар, яъне вақти намоз ба майдон ҳозир мешаванд. Ва ҳамоиш то он рӯз давом мекунад, то онҳо ғалаба ба даст оранд.

Ҳамроҳам, ки шахси бисёр зираку доно буд, масхараомез гуфт, ки байни лидерҳои гирдиҳамоӣ аз ҳама номзади арзанда Тоҳири Абдуҷаббор аст. Яке аз он занон ҳозирчавобӣ карда гуфт: ин тавр нагӯед, ӯ арзанда нест. Ва ӯ якбора ном ва номи падари як шахси дигарро зикр кард. Маълум гашт,ки гирдиҳамҳоиҳо характери динӣ ва маҳаллӣ низ доштанд.

         Вазъият рӯз аз рӯз муташанниҷтар мешуд. Дар ҷумҳурӣ қувваҳое низ буданд, ки Ҳукумати қонуниро ҷонибдорӣ менамуданд. Онҳо низ ба майдон омаданд. Аввалин маротиба ҷонибдорони Ҳукумати қонунӣ дар назди бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон гирд омада, қувваҳоеро, ки зидди Ҳукумат буданд, маҳкум сохтанд.

         Вале ҳамоно мухолифин ором намешуданд. Боз бештару зиёдтар ҳамоишҳои бемазмуну бетартиб ва дағалона ташкил менамуд. Кор то ба дараҷае расид, ки акнун дар ду майдон –  майдони  ба номи Ленин ва бинои назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишҳо баргузор мегаштанд.

Вазъият боз ҳам  муташанниҷ гашта оқибат ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Моҳи апрели соли 1992, агар хато накунам, сардори гвардияи Президентӣ генерал Баҳромов (номи ӯро намедонам) эълон намуд, ки гвардияе, ки ӯ роҳбарӣ менамояд, ба ҷониби мухолифин гузашт. Ман, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои давом додани фаъолият ба Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон гузашта будам, ҳамон рӯз бегоҳ бо  ронандаи ҷои кори пешинаам вохӯрда мондам. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар гвардияи Баҳронов кор мекунад ва изҳор дошт, ки онҳо ғалаба мекунанд. Барои ин ғалаба солҳои сол тайёрӣ дидаанд. Яъне чанд сол аст, ки дар толорҳои варзишии  мактабҳои шаҳри Душанбе машқ кардаанд. Ман кӯшиш намудам, ба ӯ фаҳмонам, ки ин рафтораш нодуруст аст. Президенти кишвар, Ҳукумат, Шӯрои Олӣ ва ғайра бо таври қонунӣ бояд интихоб шаванд ва ба расмият дароварда шаванд. Вале ӯ инро намефаҳмид ва фаҳмидан ҳам намехост, мегуфт, ки мо мусулмон ҳастем, бояд давлати исломӣ барпо намоем. Сӯҳбате, ки бо ӯ 7 – 8 моҳ пеш, яъне тобистони соли 1991, доштам, ба ёдам омад. Ӯ ба ман гуфта буд, ки дигар аз бозор ҳеҷ чиз нахарам (меваҷот, картошка, сабзӣ, ангур ва ғайра), зеро вай  бемаблағ оилаамро бо сабзавоту меваҷот таъмин менамояд. Ман ҳайрон шуда, аз ӯ пурсидам, ки чӣ тавр? Ӯ гуфт, бозори Шоҳмансур таҳти назорати вай аст. Ӯ рекэт будааст. Ҳамаи фурӯшандагон ба вай ҳисса (доля) медодаанд. Ман ба ӯ фаҳмониданӣ шудам, ки ин кори хуб нест. Деҳқон бо меҳнати ҳалолаш ҳосил ба даст меорад, пас ба фурӯшандагон халал нарасонад. Ман бошам, моҳонаи хуб мегирам, барои харидории чизҳои зарурӣ пулам мерасад. Ӯ намефаҳмид ва боз такроран мегуфт, ки агар онҳо ба ӯ ҳисса надиҳанд, ӯ аз бачаҳои хурдтар гурӯҳ сохтааст ва ба онҳо супориш медиҳад, то меваю сабзавоти фурӯшӣ, тарбузу харбузаҳоро дуздӣ кунанд, ки ҳеҷ чиз ба фурӯшанда намемонад, бинобар онҳо маҷбуранд, ки шарти ӯро иҷро намоянд. Аз худ мепурсидам, ки мусулмонии ӯ куҷо шуд? Рӯзҳои мушкил буданд, вазъият вазнинтар мегашт. Иттиҳоди Шуравӣ ҳам пош хӯрд. Ман дар Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқии омӯзиши бозори истеъмолӣ ва маркетинги Вазорати савдои Иттиҳоди Шуравӣ кор мекардем. Ба сабаби қатъ гаштани фаъолияти бахш ман ӯро чанд вақт надида бадам. Баъд фаҳмидам, ки ӯ дар ҷанги шаҳрвандӣ  дар шаҳри  Қӯрғонтеппа фавтидааст.

 Он солҳо солҳои хеле вазнин буданд. Нооромӣ буд, барои нон одамон соатҳои дароз интизор мешуданд, дар мактабҳои олӣ бо мақсади эҳтиёт кардани ҷавонон машғулиятҳо қатъ шуда буданд.

         Дар бораи он рӯзҳои мудҳиш бисёр навиштаанду менависанд. Он рӯзҳоро тариқи барномаҳои телевизионӣ такрор ва такрор нишон медиҳанд. Ин манфиатбахш аст, зеро таърихи халқи худро ҳар як шаҳрванд бояд хуб донад.

         Ва ниҳоят дар Касри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (он солҳо ноҳияи Хуҷанд) Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Вакилони мардумии ҷумҳурӣ тавонистанд, ки дар иҷлосия Пешвои тоҷиконро пайдо кунанд. Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Он кас ба халқи тоҷик ваъда доданд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”. Бузургии раиси тозаинтихоби ҷумҳуриамон Эмомалӣ Шарифович дар он буд, ки роҳбарии ҷумҳуриро дар даврае ба ӯҳда гирифтанд, ки ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра пурра фалаҷ гашта буданд. На ҳар кас он вақт аз ӯҳдаи ин вазифаи пурмасъулиятарин баромада метавонист.

         Аз ҳамон рӯз сар карда, Сарвари нави давлати тоҷикон дар атрофи худ шахсони садоқатмандро ба вазифаҳои масъулиятнок таъин карда, барои пойдории сулҳи тоҷикон қамар бастанд.

Ҷанг давом мекард. Хоинони миллат бо мақсади номӯъдадил сохтани вазъи ҷумҳурӣ шахсони барӯманди Ватани азизамон – Муҳаммад Осимӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Юсуфхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ ва дигаронро, ки барои сулҳу осоиши кишвар хидмат карда, пешрафти ҷумҳурии азизамонро мехостанд, як – як аз байн баранд. Аз байн рафтани онҳо барои мамлакати мо талафоти бениҳоят калон буд.

         Соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президентӣ ғолиб омаданд. Халқи Тоҷикистон баъдтар  боз Пешвои худ, Сарвари  арзандаи худро борҳо ба вазифаи Президенти кишварамон интихоб намуд. Он кас ҷони  худро ба гарав гузошта, барои таҳкими сулҳу осоиштагӣ, ҳатто ба Афғонистону Бадахшон, ба гӯшаю канорҳои Ватанамон сафарҳо мекарданд. Махсусан, дар баргардонидани гурезагон аз Афғонистону дигар кишварҳо хизмати бениҳоят калони Пешои маҳбуби миллат аст. Ба Сарвари давлатамон қариб 5 сол лозим шуд, ки сулҳу оромиро дар кишвар барқарор намоянд.

         Гурезагон бармегаштанд ва ба меҳнати осудаҳолона шурӯъ менамуданд. Вайронаҳоро обод месохтанд. 27 июни соли 1997 Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти тоҷикон имзо шуд. Нақшаҳои мухолифин, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ амалӣ нагаштанд.

Бо гуфтаҳои шоири бузург шодравон Лоиқ Шералӣ:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Сулҳи деринтизори мо омад.

         Давоми солҳои 1992 – 1997 Пешвои миллат назди халқи тоҷик ва ҷаҳониён исбот намуданд, ки он кас дар ҳақиқат дипломати бузург ва стратеги асил ҳастанд. Ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуда, навбат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ расид.

         Ман ҳамчун иқтисодчӣ ҳама вақт ба таҳлили рушди иқтисодиёти Ватани азизамон машғул ҳастам. Солҳои 1991 – 2000 ҷанги шаҳрвандӣ харобиҳои зиёд овард. Иқтисодиёти кишвар ҳам паст рафт, мутахассисони зиёде Тоҷикистонро тарк гуфтанд.

Маҳз барқарор шудани сулҳ имкон фароҳам овард, ки аз аввали солҳои 2000-ум иқтисодиёти мо рӯ ба рушд ниҳад.

         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки масъалаҳои дар назди кишварамон истодаро пайдарпай ҳал намоянд. Се масъалаи умдатарине, ки сарвари муаззами кишвар ба онҳо аҳамияти аввалин дараҷа додаанд, инҳо ҳастанд: амнияти озуқаворӣ;  истиқлолияти энергетикӣ; баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ буда, имрӯз Тоҷикистон дар арафаи ҳалли пурраи онҳо қарор дорад.

         Агар мо масъалагузориҳои Пешвои муаззами миллатро дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳояшон дар вохӯриҳо бо халқи азизи кишвар ва ғайра таҳлил намоем, стратеги бузург будани он касро боз ҳам амиқтар дарк менамоем. Пешвои мо ба инфрасохтори иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Сохтани нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хум, Хороғ – Мурғоб – Кулма ва ғайра аз зумраи онҳо мебошанд. Туфайли ин тадбири муфид ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба ҳам пайваст гардиданд. Ман нағз дар хотир дорам, ки солҳои навадуми асри гузашта барои аз Душанбе ба Хуҷанд омадан ё баръакс 10 – 12 соат вақт сарф мешуд, имрӯзҳо бошад, ҳамагӣ 4 – 5 соат. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ садҳо корхонаҳои азиму миёна ва хурди истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Хоҷагии қишлоқ бо суръати баланд рушд ёфта истодааст.

Имрӯзҳо ба супермаркетҳо ва дигар нуқтаҳои савдо, бозорҳо ворид гашта, сериву фаровониро мебинем. Бунёди нерӯгоҳҳои барқии нави обӣ имкон доданд, ки имрӯзҳо бо қувваи барқ пурра таъмин ҳастем. Сохтмони хатти баландшиддати барқии Шимолу Ҷануб имкон дод, ки вилояти Суғд ҳама вақт бо қувваи барқ таъмин гардад. Сохтмони хатти баландшиддати барқии CASA – 1000, ба итмом расонидани сохтмони НБО-и Роғун, бунёди боз даҳҳо нерӯгоҳҳои барқии ба нақшагирифташуда, аз ҷумла дар дарёи Зарафшон, имкон медиҳанд, ки дар оянда кишвари мо ба яке аз содироткунандагони азими қувваи барқ табдил ёбад. Барои сохтани садҳо корхонаҳои саноатии хурду калон  шароити мусоид фароҳам меояд.

 Дар Ватани мо имрӯз ба рушду нумӯи ҳамаи минтақаҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Масалан, дар даҳаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шудани НБО – и  “Тоҷикистон” дар ноҳияи  баландкуҳи Мурғоби  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон воқеаи муҳими иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ мебошад ва имкон медиҳад, ки ин вилояти мухтори  Ватани азизи мо, ки қариб ними масоҳати ҷумҳуриямонро фаро мегирад, бо қувваи барқ пурра таъмин гардад. Дар ВМКБ ҳамасола корхонаҳои нави саноатӣ сохта мешаванд ва ҳоказо.

         Муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ, илмиву фарҳангии ҷумҳурии мо бо дигар давлатҳо рӯз аз рӯз инкишоф меёбанд. Махсусан, дар сатҳи баланди дӯстӣ қарор ёфтани муносибатҳои ҳаматарафаи мо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамияти бағоят калон дорад.

         Дар як мақола ҷойгир намудани ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мушкил аст. Ва ман мехостам, дар охир ба ёд орам, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар конфронси матбуотие, ки ҳамроҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузарониданд ва ба натиҷаҳои сафари расмии он кас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, қайд намуданд: “Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки суръати афзоиши чиноиро (хитоиро) дорад”. Ҳақ ба ҷониби он кас аст. Дар ҳақиқат, маҷмӯи маҳсулоти дохила дар ҷумҳурӣ ҳамасола бо суръати 6 – 8% афзоиш меёбад ва ин имкон медиҳад, ки иқтисодиёти кишвари мо боз ҳам боло равад ва сатҳи зиндагонии халқ беҳтар шавад. Он солҳо ҳам дур нестанд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти саноатӣ-аграрӣ мубаддал гардад.

Таърих исбот намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллати мо, роҳбари кордону стратег, дипломати сатҳи баландтарин, аз ҳама муҳимаш сарвари ғамхору дилсӯз нисбати халқи тоҷик, Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон будаанд. Он кас тавонистанд, Тоҷикистонро ба сарзамини якпорчагӣ, ободу сарсабз табдил диҳанд.

Ҳақ ба ҷониби шоири шодравон Бозор Собир аст, ки гуфтааст:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони Ваҳдат,
Бо  оби ноби тилло, дар тоқи Қасри миллатa!

Иномҷон Аминов, д.и.и.,  профессор,
муовини директор оид ба
муносибатҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *