Чӣ тавре ки ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, Ҳизби наҳзати исломӣ ва сарварии он ҳамчун пуштибони молиявии гурўҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода баромад намуданд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи ў барбод рафтанду ў аз Туркия ҳам ронда шуд ва имрўз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон аз паи ёфтани «хоҷагони нав» ҳамчун гурезаи сиёсӣ оворагардӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда ќайд намуд, ки давлатҳои абарќудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав таќсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиќадоранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иќтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.
Экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошанд. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда, ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд.
Мо фаъолияти пасипардагии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароро маҳкум менамоем ва аз мардуми кишвар даъват ба амал меоварем, ки фирефтаи афкори заҳрогини онҳо нагашта, шукронаи ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу амонии кишвар намоянд.