Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат зимни сафари кории хеш ба ВМКБ чандин иншоотҳои навсохтро ифтитоҳ намуда, бо мардуми навоҳии гуногуни Бадахшон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Фаъолияти яке аз бузургтарин донишгоҳҳои минтақа – Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғро худи Президенти мамлакат ифтитоҳ намуд. Новобаста ба номусоидии обу ҳаво ба дурдасттарин ноҳияи кишвар – Мурғоб сафар намуда, аз ҳоли мардуми он ҷо хабардор шуданд. Бо мардуми Мурғоб суҳбати доманадоре барпо намуданд. Ин кор як таҷрибаи доимии Сарвари давлати тоҷикон аст, ки мунтазам идома дода мешавад ва ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.
Дар шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъиян талаб карданд, ки ба ҷинояткорӣ ва хусусан паҳн гардидани маводи мухаддир дар вилоят хотима дода шавад. Ҳама гурӯҳҳои расмию ғайрирасмӣ бояд ба қонун итоат кунанд, ба ягон нафар имтиёз дода нашавад, зеро ҳама дар назди қонун баробар мебошанд. Барои ислоҳи вазъият дар Бадахшон, решакан намудани ҷинояткорӣ ва ба тартиб даровардани вазъи ҳуқуқӣ ба масъулини соҳа як моҳ муҳлат дода шуд.
Дар шароити пуртаззоди ҷаҳони имрӯза, ки абарқудратҳо мақсадноку ҳадафмандона сиёсати худро пиёда менамоянд шоҳидем, ки парокандагию худхоҳӣ дар баъзан мамлакатҳо мусибату мушкилоти зиёд ба сари мардум овардааст. Мардуми ҳамсоязамини мо – Афғонистон аз ҷангу ҷидолҳо 40 – сол боз азият мекашанд. Солҳои охир дар Ироқ, Сурия, Либия аз ҳодисаҳои террористӣ ҳазорҳо нафар ҷон бохтанд.
Мо – устодони кафедра тавассути воситаҳои ахбор аз ҳолатҳои ҷой доштани ақидаҳои ифротгаро, ҳанӯз ҳам мавҷуд будани силоҳ дар дасти гуруҳҳои алоҳида, интиқол ва фуруши маводи мухаддир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон огоҳ гардида, ҳамаи ин падидаҳои нохубро маҳкум мекунем.
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон як қисмати Тоҷикистони соҳибистиқлол, макони афсонавию биҳиштосост. Мардуми сарбаланди ин минтақа дар ободии ватан саҳми муносиб мегузоранд. Аммо иғвою дасисаи баъзе аз афроди ноогоҳ касро ба андеша водор месозад, ки чаро онҳо тартибу низом ва оромии ин минтақаро намехоҳанд. Ҳукумат имрӯз қодир аст алайҳи ҳамаи ашхоси бадандеш, гуруҳҳои ифротгарою нашъаҷаллоб муборизаи беамон бурда, осоиштагию амонии ватанро таъмин намояд. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорону бадхоҳони милла ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар аст ва мо аз иқдомҳои Пешвои миллат дар ин самт ҷонибдорӣ менамоем.