Мо, донишҷӯёни ДИС ДДТТ шукрона аз он мекунем, ки имрўз бо шарофати Вањдати миллї ва соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва оромии комил таъмин аст. Мардуми сарбаланди Бадахшон ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар бештар мерасанд. Зеро онҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ заҳри ҳама ғурбату фироқ, бесарусониҳо ва ҷангу ҷидолҳоро чашиданду муқобили бадхоҳони миллат садо баланд карданд.
Пешвои миллат дар баромадашон дар ҳузури мардуми сарбаланди Бадахшон ба дастовардҳои беназири мардуми Бадахшон дар чанд соли охир ишорат карда, дар ифтитоҳи чандин корхонаҳои муҳим иштирок карда, онро расман ба кор дароварданд, ки ин ҳам як пешравӣ дар соҳа мебошад.
Нотавонбинон ва душманони миллат, ки ба пешравии мардуми тоҷик бо чашми ҳасад нигоҳ мекунанд, бо ҳар гуна роҳу васила кӯшиш карда истодаанд, ки чунин пешравиҳоро нодида бигиранд. Масалан, вазъи саломатии мардум ва ҳифзи солимии ҷомеаи яке аз масъалаҳое мебошад, ки он дар сархати сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллатамон қарор дорад. Чун Вилояти Бадахшон дар саргаҳи муборизаҳои Пешвои миллат оид ба қочоқи маводи мухаддир қарор дорад, Роҳбари давлат ба паёмадҳои манфии ин вабои аср ишорат карда, мардумро ба муборизаи сартосарӣ даъват намуданд.
Мо ҷавонони ДИС ДДТТ аз вазъи баамаломада дар як пораи Ватани маҳбуб – Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонопазири кишвар маҳсуб меёбад огоҳ буда, раванди нашри хабару иттилооти тафриқаандозиву бофтаву иғвогариҳои хоинони миллат дар ин хусусро шадидан маҳкум менамоем. Вобаста ба ин ба кулли сокинони Вилояти овозадори Мухтори Куҳистони Бадахшон ва бахусус ҳамсолони худ – ҷавонони замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки ба андешаву ақидаҳои зархаридон ва кӯрдилон дода нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза бо ин неруҳои аҳриманӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон аст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар сайёҳон ба гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла ба Бадахшон ташриф оварда, ба фарҳангу маданият ва суннату оинҳои миллии тоҷикон ошно мегарданд. Албатта, дар чунин як шароити вазнин бояд мо ба дасисаву андешаҳои иғвогаронаи душманони миллат дода нашавем ва ҳама сарҷамъ якдилу якҷон барои ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз заҳмат кашем.