Мо, устодони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мардуми сарбаланди Бадахшон муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки дар чунин як шароити ҳассос онҳо набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бинанд.
Мутассифона, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст, ки гӯё онҳо сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд. Воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Аврупо қарор доранд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд. Мухолифини сиёсати имрӯза, алалхусус аз Муҳиддин Кабирӣ сар карда то Гадоев Шарофиддин ва Шерзамонов А ва чанд тани дигар тобиши сиёсӣ дода истодаанд.
Дар шумораи №41, ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, аз 11-уми октябри соли 2018 мусоҳибаи Давлат Маҳмадризобеков ба нашр расидааст, ки ҳолати воқеии вазъияти ҷинояткориро дар шаҳри Хоруғ воруна ва чаппа ифода мекунад ва дар мусоҳиба кӯшиши тафриқа андохтан байни кормандони ба ном «маҳаллӣ» ва «омада» мазмуну муҳтавои мақоларо ба куллӣ дигар кардааст. Чунончӣ, генерал таъкид мекунал: «Ба андешаи ман, ҳам дар марказ ва ҳам дар худи Бадахшон бояд сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ афзоиш ёбад. Дар 10 соли охир шумораи онҳо тамоман кам шуд, зеро нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, то дараҷаи зарурӣ наметавонанд бо мардуми маҳаллӣ ба пуррагӣ забон ёбанд. Бояд кадрҳои лаёқатманди худи Бадахшонро дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тарбия намуд ва ба он ҷо фиристод. Ин таъсири хубе хоҳад дошт».
Рифъат Баҳромӣ бо далелҳои саҳеҳ андешаашро дар бораи кадрҳои “маҳаллӣ” баён медорад, ки аслан барои пешрафти Бадахшон коре накардаанд. Маҳз дар замони сарварии онҳо вазъи ҷинояткорию гардиши маводи мухаддир афзуда, хатари ҷинояткорӣ ва истифодаи яроқ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Бо гузашти 27 сол аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон мо то ҳанӯз кадрҳоро ба “маҳаллӣ” ва “омада” ҷудо менамоем. Пас мо метавонем бо исрор “вовайлои ватандорӣ” гӯем, вовайлои маҳалгароӣ!
Дар идомаи матлаб Р. Баҳромӣ хуб таъкид менамояд, ки Шумо “Як кадри маҳаллӣ дигар доред, Алим Шерзамонови лаъинмаоб. Дар хориҷа рафта, барои таҳқири миллати худ, грант мегирад ва заминаи нооромиро муҳайё месозад, ҳоло он ки занаш гапашро намегирад”.
Дар хориҷи кишвар як гуруҳи бадандешони бадхоҳони миллат ба таъқибу таҳқири давлату ҳукумат машғуланд ва Алим Шерзамонов аз табори ин бадхоҳони кишвар аст, ки даст ба чунин амалҳои ношоиста мезанад.
Мо, устодони кафедра шукрона аз он мекунем, ки имрўз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва оромии комил таъмин аст. Бо истифода аз фурсати ба мардуми сарбаланди Бадахшон муроҷиат менамоем, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, фирефтаи афкори бегонагон нагарданд, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурўҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз ќочоќи маводи мухаддир, барќарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар ќаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоянд.