МАҲАЛГАРОӢ ИЛЛАТ БА МИЛЛАТ МЕЗАНАД

Имрӯз аз ҷониби ватанфурўшони миллат, бо дастгирии хоҷагонашон  бозии навбатиашонро дар Аврупо идома дода,  бо ақидаҳои  равияҳои тундгарою  ифротӣ  ва маҳаллгарои худ боз вазъи сиёсии кишвари азизамонро ноором кардан мехоҳанд. Аз ин рў, ҳар инсони худогоҳу хештаншинос ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ин ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинад, хомуш истоданаш аз рӯи виҷдон нест. Дар ин маврид шоири бузурги тоҷик Бедили Деҳлавӣ гуфтааст:

                     Чашме, ки надорад назар ҳалқаи дом аст,
                    Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.

Афродон ва  якчанд гурӯҳҳое, ки зодаи ҳамин Ватан ва модар ҳастанду аз обу хоки ин сарзамин ба воя расидаанд, баъди ба балоғат расидану мустақил гардидан на ҳаққи фарзандии ин Ватан ва на ҳаққи шаҳрвандии онро ба ҷо оварданд. Ба ҷои оне, ки баҳри ободонии ин хонаи муқаддас барои мо–тоҷикон хизмат кунанд, ин зархаридон ба хоҷагоне, ки пулу моли дунёро ба онҳо тақдим мекунад, ба ҳама кор тайёр ҳастанд. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Варшава қарор доранд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд. Дар иртибот ба ин, баёнияи шахсиятҳо ба амсоли Алим Шерзамонов ва «генерал» Маҳмадризобеков Давлат-ро мисол овардан бамаврид аст,ки онҳо худро «ҷонфидои миллат» нишон дода, маҳаллгароӣ намуда истодаанд. Ин ҳолат оқибати хуб надорад! Бо баробари ин ба хотир овардан ба маврид аст, ки ҳамин хел бозиҳои сиёсӣ –маҳалгароии ифротии солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳуриамон чи бадбахтиҳое ба миён оварда буд. Имрўз набояд фаромўш кард!. Вале бовуҷуди ин шахсиятҳо хулосабарорӣ накарда, гапҳои беасосу бемантиқ мегўянд, ин тамоюли маҳалгароӣ ба мушоҳида мерасад, ки шаҳру эзоҳ додани он ягон душворие надорад. Шахсони зикршуда вазъи сиёсии кунунии ҷаҳонро ба эътибор гирифта, андеша ронданашон лозим мебошад, ки аз ҷумла, ҳамсояи ба мо наздик Афғонистон,  солҳои тулони то имрўз сулҳу субботро ба даст наовардааст ва он дар кадом ҳолат қарор дорад?  Ин вазъи ба вуҷудомада ба ҷаҳониён маълум аст!

Кирдору рафтори Алим Шерзамонов ва «генерал» Маҳмадризобеков Давлат аз ҷумла, маҳаллгароиашонро дида, сари андешае омада, қайд кардан ҳатмӣ аст, ки иддаои ин «ғамхорон»-и миллат идомаи мантиқии ҳамон андешаҳои муғризонаи ТЭТ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24»  мебошанд. Ин ҳизбу гурўҳҳои ифротӣ барои ҳадафҳои беарзиши худ мехоҳанд ҷомеаи ороми моро халалдор кунанд. Вале бехабар аз заҳматҳои фарзандони сарсупурдаи миллату давлат, ки барои Тоҷикистони навин чӣ дар илму фарҳанг ва чӣ дар иқтисоду сиёсат ва иҷтимоиёт миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд.

Доир ба масъалаи матраҳшуда бо боварии комил  метавон  гуфт, ки  умуман кулли сокинони кишвари азизамон аз ҷумла, мардуми Бадахшон худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳоро махкум карда истодаанд. Бинобар ин, имрӯз Тоҷикистону тоҷикистониён ба ин гуна аҳзобу анҷуманҳои фитнаангез эҳтиёҷ надоранд. Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад. 

Алимухаммедова Зайнура Зикриёхӯҷаевна,
ассисенти кафедраи математикаи олӣ ва
технологияи инноҷватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *