Терроризм чун зуҳуроте, ки ба бехатарӣ ва амнияти давлат таҳдид намояд дар замони ҳозира боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Терроризм ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳи давлатҳо, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва аҳли ҷомеаро дар қатори экстремизм, коррупсия ва маводи мухаддир ҷалб менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзимкунандаи мубориза бар зидди терроризм қабул карда шудааст. Ба сифати онҳо пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» баромад менамояд. Тибқи дебочаи он қонуни мазкур ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъиятӣ, таъмини давлатӣ бахшида шудааст.
Терроризм як намуди ҷинояткории байналхалқӣ ба ҳисоб меравад ва дар замони муосир он барои ҳар як давлат масъалаи вазнин ва ҳалталаб аст. Кўшиши ҳалли онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва далатҳои дуру наздик мекунанд. Аз ин хотир дар ҳар як вохўрии сарони давлатҳои муштаракулманофеъ ин муаммои замони муосир пеши назар меояд.
Тоҷикистон аз рўҳои авали ба даст овардани истиқлолият тадбирҳои нобуд сохтани марказҳо, манбаъҳо ва пойгоҳҳои терроризми байналхалқиро ба таври амалӣ ва ошкоро дастгирӣ менамояд. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо узви комилҳуқуқи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мебошад.
Тоҷикистон атарфдори қатъии андешидани ҳамаи тадбирҳое буд ва мебошад, ки мақсади онҳо ба куллӣ барҳам додани терроризм аст.
Тавре, ки зикр гардид терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнини замони муосир аст, ки дар бисёр маврид натанҳо хусусияти миллӣ, балки хусусияти байналхалқӣ низ дорад.
Амалиётҳои террористӣ барои ноустувор сохтани ҳокимияти давлатӣ ва дар аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси тарс, оҷизӣ, ки таҳти таъсири зўроварии муташаккилонаю бераҳмонаи террористон ба амал меоянд, равона карда шудааст.
Бояд дар хотир дошт, ки терроризм ҷинояти махсусан хавфнок мебошад, ки он ҳама вақт бо қасди бевосита содир карда мешавад ва чун яке аз шаклҳои қасди ҷинояткорона, ки асоси онро кўшиши ҷинояткор барои дар атрофиён ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳима, фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки иҷтимоии шаҳрвандон, кори мўътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин ноил шудан ба мақсадҳои зиддиҷамъиятии худро ташкил медиҳад.
Хулоса -, терроризм – ин мафкураи зўроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳо аз тарафи мақомоти ҳокимият ё созмонҳои байналмиллалӣ бо роҳи содир намудан ва ё таҳдиди содир намудани зўроварӣ ва амалиёти дигари ҷинояткоронаи вобаста ба тарсонидани аҳолӣ, ки ҳадафи он расонидани зарар ба шахсият ҷомеа ва давлат мебошад.
Аз тарафи дигар амали вобаста ба тарсонидани аҳолӣ ва таҳдид ба ҳаёти саломатии инсон мебошад, ки ба расонидани зарари калон ба моликият ё ба вуҷуд овардани фалокати экологӣ ё оқибатҳои дигар, инчунин таҳдиди содир намудани чунин амалиёт барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ, мафкуравӣ ва ѓайра бо роҳи расонидани таъсир ба қабули қарорҳо аз тарафи мақомоти ҳокимият ё созмонҳои байналмиллалӣ равона карда шудааст.
Ҳамин тариқ терроризм кирдорҳои барои ҷамъият хатарнок буда, бо роҳи зўроварӣ, истифодаи қувва содир карда меавад, ки дар натиҷа ба саломатӣ ва ҳаёти одамон хавф меоварад ва ё боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк мегардад.
Ҳоло 15 ҳизбу ташкилотҳо, аз ҷумла ҲНИТ, Гуруҳи 24, ДИИШ, Салафия ва ғайра дар хориҷи кишвар амал мекунанд ва фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Аз ин лиҳоз, намегузорем ва нахоҳем гузошт ин ҳизбу ташкилотҳо ва тарафдорони онҳо ба мақсадҳои нопокашон, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Тоҷикистон аст ноил гарданд.
Кулли устодони кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ