Ҷавонон бояд худшиносу худогоҳ бошанд!

 Мо ҳама чун «Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрўзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намуданд». – Чунин омадааст дар Паёми, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

          Дар замони тараққиёти босуръати илму техника, информатика, технологияҳои нави иттилоот, ҳар як ҷавон аввалан ва ҳатман бояд дорои ахлоқи ҳамида, ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури мантиқӣ, ақлу хиради солим, назари ҳокимона, ҳисси баланди ифтихори миллӣ, ватандўстӣ бошад. Маълум, ки дар интернет олами ахбори гуногун, пурихтилоф, чӣ иттилооти хубу чӣ бад, мафкураҳои иртиҷоӣ, маълумоти экстремистӣ, ифротгароии динӣ, ки ахлоқро вайрон месозанд, инъикос меёбанд.

          Мо ҳама шоҳиди онем, ки баъзе ҷавонон аз каммаърифативу бемасъулиятӣ зери таъсири тарѓиботи экстремизми динӣ монда, худашон, оила, волидон, хешу ақраборо гирифтори фоҷиаву ѓаму андўҳ кардаанд.

          Ҷавонон бояд ҳар чӣ барвақт, ҳанўз дар айёми мактабхонӣ ба камоли маънавӣ расанд, оини ҷавонмардиро фаро гиранд, соҳиби донишу маърифати хуб тафаккури илмӣ, фазилати хирадмандӣ шаванд. Маҳз, сатҳи баланди маърифатнокии ҷавонон ба ҳар яки онҳо имконияти бо роҳи хато нарафтанро фаро меоварад. Беҳуда дар байни мардум нагуфтанд «Дониш чароѓи ақлҳо аст».

          Яке аз сабабҳои ба ҳар сў калобидани ҷавонон – ин дар сатҳи паст қарор доштани дониши умумӣ ва динии онҳо арзёбӣ мегардад.

Охир дар ягон сураи Қуръонӣ Шариф зикр нашудааст, ки инсон баҳри манфиати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ шахси дигарро аз ҳаёт маҳрум гардонида бошад. Охир беҳтарин фазилати зиндагӣ магар тавассути меҳнати софдилона ободу саршор гардонидани Ватан, аҳли хонадон ва ҷомеъа нест? Ақлу фаросат ва тамоми нерўи ҷисмонӣ ва ақлонаи худро инсон бояд барои корҳои созандагӣ ва зиндагии шоиста равона намояд на балки харобию вайронкорӣ.

Ба ақидаи мо ҷавонони хушбахту саодатманди мамлакат имрўз бояд зираку доно бошанд ва ҳеҷ гоҳ ба равияҳои номатлуби замон мисли радикализм (тундгароӣ), экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм пайравӣ накарда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи мамлакат ва ободии он саъю кўшиш ба харҷ диҳанд.

                             н.и.и., дотсенти ДИС ДДТТ

О.Қоситов.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *