МУНОФИҚИ РОҲГУМЗАДА

Навиштани матлаби навбатиамон вобаста боз ба баромадҳои яке аз узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садириддин мебошад, ин мунофиқи роҳгумзада бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону шарафашро ба боди фано супурда, ҳоло дар паи иҷрои супориши хоҷагони худ ҳар сақату кизбу дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату давлати тоҷикон гуфтан дорад. Чун дар боло калимаи “мунофиқ”-ро ба забон овардем, ки онро шарҳ медиҳем. Яъне мунофиқ шахсеро мегӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ маънояш «он ки зоҳираш дигару ботинаш дигар аст» ва «дурӯя» шарҳ дода шудааст. Назарҳояш ҳамеша баҳсбарангез буда, тарафдорони кам дорад. Зери назарҳояш шарҳҳои зиёдеро метавон дид, ки М.Садриддин як “инсони гирифтори бемории равонӣ” унвон мекунанд.


Таъкидан ба мунофиқи роҳгумзада ва умуман ба раҳбарияту ҳаммсалакони ТТЭ ҲНИ гуфтанием, ки шумоён ватангумкардаҳо хоҷагони хориҷии маблағгузоратон ба афкоратон тӯҳмату фитнаангезиро ҷой кардаанд. Такрор ба такрор ба М.Садриддини муонофиқи роҳгумзада гуфтанием, ки ба доми хоҷагонашон афтода, яке аз хоинони маҳзабфуруши бешараф шудааст.
Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии бадхоҳони миллат, аз қабили М. Садриддини мунофиқ ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ-ро ҷиддӣ ва сахт маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *