БА АФКОРИ БАРҒАЛАТИ ГУРӮҲҲОИ РАДИКАЛӢ НАБОЯД ФИРЕФТА ШУД!

Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳассос ва хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо мушоҳида мегардад. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии ҷаҳони имрӯз шинохта шуда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад.

Дар иртибот ба ин, муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Вобаста ба масоли мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад, ки дар натиҷа баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо оид ба терроризиму ифротгароӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шудаанд.

Дар соли 2022 дар Тоҷикистон 1200 ҷиноят вобаста ба терроризму ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рақами оморӣ хулоса бароварда, қайд кардан зарур аст, ки дар чунин вазъи пешгуинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд.

Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амлҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омўхтани илм таллош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.

 

Ф.ҚУРБОНОВ,

мудири бахши

ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *