Мулоқоти судманд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 16-уми феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии мансабдорони воломақоми давлатӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада барпо гашт. Дар вохӯрӣ ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадулло Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова, директории маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ карданд. Мақсад аз ин вохӯрӣ пеш аз ҳама омӯзиши амиқи нуктаҳову таъкидҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии Паёми роҳбари давлат , асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, оид ба тарғибу ташвиқи он аз ҷониби баромадкунандагон нишондодҳои арзишманде пешниҳод карда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода – Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро раисӣ карда, аввал суханро ба ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадулло Ватанзода дод. Ватанзода зимни суханронии хеш оид ба тарғибу ташвиқи Паёми сарвари давлат андешаҳои арзишманд баён дашта, аз ҷумла перомуни ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон гуфт: «Бо пешниҳоди се дарсади ҳайати вакилони Парлумони мамлакат соли равон ба Конститутсияи кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад, ки он тариқи райъпурсии умумихалқӣ гузаронида хоҳад шуд. Аллакай Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон санаи баргузории райъпурсиро муайян кард, ки он 22-юми майи соли равон сурат мегирад». Ҳамчунин Ватанзода аз моддаву қисматҳои Конститутсияи Тоҷикистон , ки ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид мешаванд мисол оварда, иброз дошт, ки асосан ба моддаҳои 49, 65, 84 ва 86, моддаи 8 қисми 2, моддаи 65 қисми 4 тағйиротҳои бисёр муҳиму арзишманд ва аз нигоҳи сиёсӣ ҷиддӣ ворид карда хоҳанд шуд.

Сипас вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова, директории маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон Файзулло Баротзода, Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Маҳмудзода ва Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ суханронӣ карда, оид ба ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии Паёми сарвари давлат ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла оид ба хатарҳои терроризми такфирӣ ба анъанаҳои миллӣ Файзулло Баротзода сухан карда, бо мисолҳои саҳеҳ аз оқибатҳои ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротгаро гаравидани ҷавонон андешаҳои хешро баён дошт. Дар вохӯрӣ, инчунин, оид ба масъалаи забономӯзии ҷавонон, ки яке аз дастурҳои муҳими Паёми роҳбари давлат маҳсуб мешавад, сухан рафта, зимни суханронии худ Назира Ғаффорӣ ба ин масъала таъкиду нишондодҳои арзишманд иброз дошт.
Оид ба афзоиши буҷаи мамлакат дар соли 2016-ум ва зиёдшавии стипентияҳои донишҷӯён то 30 дарсад Раъно Маҳмудзода андеша ронда, то 20 дарсад афзоиши буҷаро дар соли равон иброз дошт, ки он боз 3 милиард сомонӣ зиёд хоҳад шуд.
Аминов Инъомҷон – директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар охир суханронӣ карда, оид ба дастовардҳои донишкада дар самти амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои сарвари давлат ва тайёр намудани мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ва дар ин самт мавҷуд будани тамоми имкониятҳои донишкадаро иброз дошт.
Дар интиҳои вохӯрӣ донишҷӯён бо меҳмонон саволу ҷавоб анҷом дода ба пурсишҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд. Вохӯрӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, бо таассуроти хотирмон ба поён расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *