Муҳтарам профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ! Артиш яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, рушду нумӯи миллату давлат аз он вобастагии ногусастанӣ дорад.
Мо имрӯз шукрона аз пойдории сулҳу салоҳ дар кишвар, ки бо кӯшишу ғайратҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдор аст 23-юмин солгарди таъсиси Артиши миллиро ҷашн мегирем.
Дар тӯли 23 соли мавҷудияти худ Артиши давлати мо барои ҳифзи марзу буми давлат, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи халқу кишвари азизамон, махсусан дар солҳои вазнини ҷанги бародаркуш ва суиқасдҳои номардонаву хоинонаи душманони миллати тоҷик дар солҳои садаи XXI нақши асолати худро нишон дода тавонист. Муқаддас пиндоштани Артиши миллӣ аз арҷгузории халқи тоҷик нисбати ҳомиёни хеш ба ҳисоб рафта, ин анъанаи дерини миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад.
Профессорон ва донишҷӯёни азиз! Ҳар яки шумо ва дар симои шумо тамоми родмардони шуҷоъву шарафманди кишвари азизамон – Тоҷикистонро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, бароятон дар раванди кору фаъолияти пурсамар ва бомасъулияти таълимӣ барори кору осудагии рӯзгорро таманно дорам! Ҷашни 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши тоҷик муборак бошад! Сарбаланду пирӯз бошед!