Мулоқоти судманд бо донишҷӯён

 

Дар ДИС ДДТТ мулоқоти намояндагони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд ва Маркази мубориза ба бемориии ВИЧ СПИД бо донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Дилшода  Ҷонназарова ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд. Директори МТТҲС дар вилояти Суғд Зуфнуна Хоҷаева зимни суханронии худ оид ба пурзур намудани чораҳои пешгирикунанда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, роҳандозӣ кардани тадбирҳои иловагӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи тавсияҳои мутахассисон ва қоидаҳои беҳдоштӣ шахсиву ҷамъиятӣ дар мубориза алайҳи бемории Ковид 19 фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт.

Дар идома мавсуф оид ба роҳҳои пешгирӣ аз Ковид 19 ва риояи ҳатмии қоидаҳои зеринро тавсия намуд:

  1. Қоидаҳои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хӯрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.
  2. Пӯшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромӯш накунед!
  3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз муомила парҳез намоед!
  4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!
  5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!

Баҳри пешгирии бемории коронавирус корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вусъати тоза гирифта, ба донишҷӯён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Ҳамчунин намояндаи Маркази мубориза алайҳи бемории ВИЧ СПИД дар ҳузури донишҷӯён суханронӣ намуда, оид ба хатари бемории СПИД ва роҳҳои пешгирию гирифтор нашудан ба ин бемории маргборро фикру мулоҳизаҳояшро баён дошт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *