Директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан зимни мулоқот бо устодон ва кормандони донишкада таъкид намуд, ки мо бояд ҳама якдилона дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои афзун намудани дастоварду комёбиҳоямон саъю талошҳои созанда намоем.
Директори донишкада дар оғоз перомуни саломатии устодону донишҷӯён, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, маводи антисептикӣ андешаронӣ намуда, иҷроиши ин амалҳоро барои пешгирии саривақтӣ аз бемории короновирус муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин масъалаҳои вазъи таълиму тарбия, илм, фаъолияти сохторҳои алоҳидаи донишкада, густариши робитаҳои байналмилалӣ, омодагӣ барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилаӣ, вазъи молиявӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, интизоми меҳнат ва ғайраҳо зимни таҳлили амиқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ислоҳи саривақтии камбудиҳо дар самти таълиму тарбия ва баланд бардоштани рейтинги донишкада дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар вазифаи муҳимтарини раёсат ва ҷомеаи меҳнатӣ арзёбӣ карда шуд.