Изҳороти  кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар ҳошияи филми “Хиёнат”, ки чеҳраи манфури Маҳмадиқболи Садриддини террористро ифшо кард.

 

Мо аҳли кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ аз воқеияти ҳаводис ва рӯйдодҳои сиёсӣ ва аз тамошои филми мустанади “Хиёнат”хулосабарорӣ карда, изҳор медорем, ки ҳар як раванд ва падидаву зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба думболи худ бозиҳои абарқудратҳоро дорад, ки ба ин ё он самт равона шудааст.

Мусаллам аст, ки ҳеҷ қавму миллате аз бозиҳои сиёсиву пасипардагиҳои давлатҳои ҷаҳонхоҳ ва қудратталаб дар амон нест. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки бештар гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба ном сиёсиву мазҳабӣ ташкил мешаванду аз худ дарак дода , бо бозиҳои сиёсии ҷаҳони муосир, бо дасти худӣ ва ё гоҳ бо дасти бегона мехоҳад бар мо зарба занад. Мисоли ин гуфтаҳоро хонандаи матлаб метавонад дар фаъолияти аъзоёни собиқ ҲНИ Маҳмадиқболи Садриддини бараъло мушоҳида намояд. Чунончӣ, дар филми ҳуҷҷатӣ “Хиёнат”,ки воқеан ҳам равзанаест барои шинохти душманони миллати тоҷик аст ва дар қисми сеюми он дар бораи амалҳои содирнамудаи бадкирдоронаи Маҳмадиқболи Садриддин боз амиқтару аён мегардад. Мо  аз тамошои филми “Хиёнат”дарк намудем, ки афроди пастфитрат ва бадниҳоду молпарасти наҳзатӣ ба мисоли Маҳмадиқболи Садриддин аз барои нафси бад ва ҷоҳпарварии хеш  даст ба хиёнат задаву миллатро имрӯзҳо нияти гумроҳ карданро дошт ва дорад, ки бисёр ҳам ҷинояти бузург ва хиёнати нобахшиданӣ аст.

Мо аъзоёни кафедра ба Маҳмадиқболи Садриддини таъкидан  иброз  дорем, ки каме аз доир ба филми мазкур андеаша бикунад!.. Бо баробари ин суол ба миён меояд. Имрӯзҳо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби кадом хоҷа мехӯраду мепӯшад ва ин ҳама воҳима аз барои чист?

Хулоса, филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, бо шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои собиқ ҲНИ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намудаанд.

Дар интиҳои изҳороти хеш ҳаминро илова карданием, ки филми мустанади “Хиёнат” ҳақиқатномаест, ки парда аз чеҳраи зархаридони  наҳзатӣ, ки бар миллат имрӯзҳо хиёнат мекунанду мехоҳанд ҷомеаро гумроҳ созанд, бардоштааст ва буду набуди аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва роҳбари онро бар тамошобинон ошкор сохтааст.

Хулоса, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат ба мисоли ТТЭ ҲНИ ва собиқ аъзоёни он ба мисоли Маҳмадиқболи Садриддини огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор,  ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида, бояд қайд кард, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *