Шоми 18-уми январ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбати мустақими раиси Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо истифодабарандагони шабака баргузор гашт. Мо аслан чунин мусоҳиба ва суҳбатҳои рӯ ба рӯро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем, зеро дар онҳо бештар бӯйи дуруғу туҳмат ва буҳтон меояд.
Агар манзури Кабирӣ муборизаи тунди сохторҳои ќудратии Љумњурии Тољикистон бо аъзои ТТЭ ҲНИ бошад, ягон љойи шубҳа нест. Онҳо ба ҷаҳониён собит карданд ва карда истодаанд, ки аъзои ТТЭ ҲНИ ба чӣ кор машғуланд . Мурод аз ин гуфтаҳои Кабирӣ ҳамон лаҳзаҳои шаҳвоние ҳастанд, ки баъзе муллоҳои каҷниҳод ба баҳонаи табобат ба занони мардум чашм ало карда буданд. Паҳншавии ин навор то андозае ихтироъи нав нест ва чунин наворҳо нисбати сиёсатмадорону шахсони номӣ дар Аврупо ва кишварҳои мутараққӣ ҳазорҳо маротиба нишон дода мешаванд. Мақсад аз онҳо огоҳонидани мардум ва ба фиреб дучор нагардонидани онҳо буд.
Дигар ин аст, ки Кабирї иддао дорад, ки наворҳои ҳаёти маҳрамонаи калоншавандагонро дар даст дорад. Пас ин чӣ аст? Таҳдид ва ё шантаж?
Мардум ба суханони Кабирӣ дигар бовар надоранд, минбаъд низ бовар нахоҳанд кард.Имрӯз, ки онҳо ба амалҳои нопоки худ мехоҳанд зидди Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд. Онҳо рӯзе зери номи ин анҷуман нақшаҳои нопоки худро татбиқ намуданианд. Боиси тааҷҷуб аст, ки онҳо номи Тоҷикро ба Анҷумани худ ҳамроҳ кардаанд, ки ин тамоман ғайри қобили қабул аст. Зеро Тоҷики асл дар Ватан аст ва ё берун аз бошад ҳам дар хизмати Ватан аст. Чунин хоинону гурезагон ва имонфурушон ҳуқуқи истифодаи воҷаи Тоҷикро надоранд ва ҳамчунин қабил ашхосон миллатҳам надоранду онҳо ғуломи молу давлати хоҷагони худ мебошанд. Тоҷикистонро кулли мардуми олам бо фарзандони сулҳовару ташаббускораш эътироф намуда, ҳусни таваҷҷуҳ доранд. На бо хоинону ватанфурушонаш.