Мулоқоти ректори ДДТТ бо устодони донишкада

Дар ДИС ДДТТ мулоқоти ректори ДДТТ доктори илмҳои иқтисод, профессор Ҳамидуллохон Фақиров бо устодони донишкада баргузор гардид. Мулоқотро директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода ҳусни оғоз бахшида, ректори донишгоҳро хайрамақдам гуфта, аҳли нишастро ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт.

Ректори ДДТТ Ҳамидуллохон Фақиров устодони донишкадаро ба муносибати дар сатҳи баланд баргузор шудани Рӯзҳои ҷавонӣ, моҳи шарифи Рамазон ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки донишҷӯёни донишкада дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашнҳои фархундаи миллӣ фаъолона иштирок менамоянд ва боиси хурсандист, ки ин нукта зимни мулоқот бо муовини Раиси вилояти Суғд таъкид гардид.

Ҳамидуллохон Фақиров зимни суханронӣ таъкид кард, ки мо бояд якдилу якмаром ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ дар доираи қонунгузориҳо барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия талош намоем. Дар соли ҷавонӣ бо ғайрати ҷавонӣ устод ва муҳаққиқи ҳақиқӣ шавед, аз меҳнат наҳаросед ва дар шароити кунунии рақобатҳои шадид байни донишгоҳҳои кишвар бо масъулияти баланд заҳмат кашида, саҳми арзандаи хешро дар пешрафти донишгоҳ гузоред.

Ҳамчунин ректори ДДТТ перомуни вазъи таҷрибаомӯзӣ, ҳолати китобҳои дарсию таълимӣ, таъмини маоши устодон, муҳайё намудани шароити беҳтарин барои таълиму тадриси донишҷӯён андешаронӣ карда, ба саволҳои устодони донишкада посухҳои муфассал гардон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *