Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 5-уми май озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯён аз се факултаи донишкада иштирок намуданд. Фестивал-озмун бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги либоспӯшӣ ва маҳорати кадбонугӣ гузаронида шуд. Аз факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ омӯзгори фанни ҳуқуқшиносӣ Ҳомидова Марҳабо ва донишҷӯи курси 1, ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Ҳайитбобоева Мадина, аз факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ омӯзгори забони англисӣ Ҷӯраева Нодира ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Абдураҳмонова Дилноза, аз факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ омӯзгори фанни баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Холиқова Наргис ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз Ҳасанова Мастона аз рӯи шартҳои озмун: намоиши саҳнача, саволу ҷавоб оид ба дониши ҳуқуқӣ, баромадан аз ҳолатҳои ногувор, тарзи буридани угро, ороиши дастурхони миллӣ, намоиш дар ҷодаи ҳунар, намоиши сарулибоси расмӣ ва идона қувваозмоӣ намуданд. Аъзои ҳакамон-собиқ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими сиёсию давлатӣ Шуҷоатхон Ҳасанова, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд Расулова Истамбону, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Хуҷанд Дадобоева Муҳайё ба ҳунари иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд. Ғолибони фестивал-озмун омӯзгори фанни ҳуқуқшиносӣ Ҳомидова Марҳабо ва донишҷӯи курси 1, ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Ҳайитбобоева Мадина дониста шуданд.