Вохӯрии аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ

Дар ДИС ДДТТ вохӯрии аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои ҳудудии интихоботии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

   Ҳошимзода Раъно, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ифтитоҳ карда, Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна ва Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро ба ҳозирин шинос кард.

Мавсуф қайд кард, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ мешавад ва инак зарурияти такмил ва баррасии афкори умум перомуни он ба миён омадааст.

Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардухтури беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд суханронӣ карда, оид ба афзалиятҳои қонуни мазкур ва моҳияти он фикру андешаи хешро иброз намуд.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров баромад карда, аҳамияти қонуни мазкурро дар сатҳи байналмилалӣ хеле арзанда хонд. Номбурда зимни суханронии хеш иброз дошт, ки аз собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Тоҷикистон ба қабули чунин қонун иқдом кардааст, ки ин таҷрибаро аксари давлатҳои минтақа ва Осиё хуш пазируфтанд ва ҷонибдорӣ карда, мехоҳанд, ки дар кишварҳояшон амалӣ намоянд. Ҷӯразода Ҷамшед оид ба арзиши иҷтимоӣ ва моҳияти он аз назари иқтисодӣ андеша ронда, қабули қонуни мазкур ва тӯли 10 сол ба буҷаи оилаҳо қариб даҳҳо миллиард сомонӣ фоида овардани онро махсусан таъкид намуд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо масъалаи мазкур байни иштирокчиёни ҷаласа мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа ҳамчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада фикру мулоҳиза ва суолҳои хешро тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ иброз намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *