«МУЛЛОҲОИ АВРУПОӢ» БА ҒАЙР АЗ ИҒВО ВА ФИТНААНДОХТАН КОРӢ ДИГАР НАДОРАНД!

Имрўзҳо ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ дошта, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, Гурўҳи-24 ва дигар равияҳои ифротӣ, ки мо онҳоро «муллои аврупоӣ» ном гузоштем, зери ниқоби исломи ноб, иғвоангезиву фитнаҷӯӣ ва бо ин амалҳо мехоҳанд, нафси худро қонеъ намудаву хоҷагони хешро, ки бо маблағгузорӣ ташкилоти онҳоро созмон дода, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоиашон барномаҳо таҳрезӣ намудаанд, амалӣ созанд. Имрӯз дунёро накӯ бингарӣ ҳама панд асту мо қариб, ки 24 соати шабонарӯзӣ дар шабакаҳою сомонаҳои интернетӣ мебинему мехонем, ки «муллоҳои аврупоӣ», бахусус Муҳиддин Кабириву пайравонаш чун Муҳаммадиқбои Садриддин ва ашхосе бо номи Беҳрўз Тағойзода, яке аз узви фаъоли Гурўҳи-24 бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷиашон аз хориҷи кишвар ба роҳбарияти кишварамон санги маломат мезананд, ки ин хоҳу нохоҳ обрӯву нуфузи миллату давлати моро дар арсаи байналмилалӣ ба ҳар андешаи носолим оварданаш аз назар дур нест. Ин тӯдаи «муллоҳои аврупоӣ», бегонапарастӣ намуда, ҳеҷгоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Воқеан «муллоҳои аврупоӣ» барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд. Онҳо медонанд, ки имрӯз аксариати мардуми кишвар, махсусан муҳоҷирону ҷавонони даврони муосир бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст ҳастанд ва барои онҳо сайтҳову сомонаҳои тоҷикии шабакаҳои интернетӣ майдони калони таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротист. «Муллоҳои аврупоӣ» ҳамаи ин имконияту афзалиятҳо шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, то ки мардуми кишаври худро мағзшӯйи бикунанду зиди сиёсати давлату ҳукумат бишуронанд. Аз ин рў, метавон хулоса кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод.

Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *