ЧАШМОНИ КАБИРӢ ВА ПАЙРАВОНАШРО ПАРДАИ ҒАРАЗ КЎР КАРДААСТ!

Мусаллам аст, миллати тоҷикро имрӯз дар тамоми дунё, чун миллати сулҳовару эҷодгар мешиносанд ва ҳатто аз пешрафту ободонии ин кишвар сухан мегӯянд. Халқи тоҷик миллати ба сабру таҳаммул ва ба бардошт аст. То охирон ҳад талош менамояд, муносибати дӯстонаву содиқона ба ҳамагон дошта бошад. Зеро чунин муҳаббат барои ин миллат аз модар гузаштааст. Аз ин таъриху фарҳанги бойи хеш ифтихору сарбаландем. Аммо имрўз гурўҳу равияҳои ифротӣ, аз қабили собиқ аъзоёни ҲНИ, аз ҷумла роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ, ки алҳол дар Аврупо қарор дошта, бо номи Паймони миллӣ.. чун солҳои 90-уми асри гузашта фаъолияти ифротиро пеша карда, бахусус сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишварро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намуда, ба пешравию тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намудан кўшиш дорад. Бо ҳамин мақсад имрўз душманони фирории миллат, Муҳиддин Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳзоди Тағйзода ҳамарӯза дар сомонаҳои интернетӣ бо суханҳои бофтаву бардурӯғ бо навбат баромад намуда истодаанд. Чунки чашмашонро пардаи ғараз кўр кардаасту ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд ва дигар илоҷе надоранд!

 Бо назардошти масълаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрўз ҳадафҳои хиёнаткоронаи Кабирӣ ва пайравонаш бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд бурд!.

 М.ФАЙЗИЕВ,
ассистенти кафедраи математекаи олӣ ва технологияхои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *