Изҳороти устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ иисбати нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз тарафи бадҳоҳони миллат

Мо устодони кафедра шукргузорӣ аз он менамоем, ки зери сиёсати оқилонаву бобарори Пешвои муаззами миллат имрўзҳо баҳри рушди тамоми соҳаҳои кишвар шароиту заминаи мусоид фароҳам гардида, рўз то рўз ба истиқболи ҷашни фархундаву умумимиллиамон 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру деҳоти мамлакат гул-гул мешукуфад. Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Пешвои муаззами миллат дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: “Дар натиҷа мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.”

 Бо зикри дастовардҳои 30 соли даврони истиқлол ин нуктаро таъкид намудан бамаврид аст, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои ҳаётии ба дастовардаи даврони мо таҳдид менамоянд. Бадҳоҳони миллат, аз қабили Кабириву Муҳаммадиқбол ва дигар равияҳои ифротӣ пеш аз ҳама ба истиқлоли давлатӣ, ба мавҷудияти давлати мустақил, сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоиштаи мардум, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва арзишҳои пурқимати миллии мардуми тамаддунсози мо монеаҳои хатаровар эҷод мекунанд. То чӣ андоза паёмадҳои даҳшатбору сангин доштани ифротгароиро мо имрӯз дар мисоли вазъи муташанниҷи кишварҳои Шарқи Миёна, қатлу кушторҳои ваҳшиёнаи мардуми Сурия ва Ироқ, анҷоми амалҳои террористӣ дар Афғонистон ва кишварҳои дигари мусулмоннишини Осиё ва Африқо ба таври равшан дида истодаем. Мо инро дар мисоли фаъолияти террористию тахрибкоронаи Ал-Қоида, ДИИШ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мебинем, ки доираи густариши онҳо васеъ гардида, таъсири манҳуси он аз кишварҳои исломӣ ба кишварҳои ғайриисломӣ сироят намудааст. Баробари ин ин бояд қайд кард, ки имрўзҳо ҳаммаслаку хоҷагони бадхоҳони миллат таҳти роҳбарии Муҳиддини Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд. Доир ба ин масоил аз ашъори шайх Саъдӣ ёдовар шудан бамаврид аст,ки таъкид мекунад: инсон бояд нисбат ба вазъу ҳолат, шодиву нишот ва дарду ғами дигарон бепарво набошад ва бо онҳо шарик шавад, дар акси ҳол ӯро инсон шуморидан ҷоиз нест:

 Ту гар аз ғами дигарон беғамӣ,

 Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ! 

Инчунин дар танқиди зиёдаравию ифротгароӣ, тарғиби муросову мудоро ва риояи меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ бузургони мо басо хуб фармуданд:

 Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,

 Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

Халқи азизи Тоҷикистон, ҳатто ҷаҳони муосир дарк намудааст, ки мақсаду мароми ин тӯдаи бо ном мухолифи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, марому ормонҳои мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон набуда, балки ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ буда, ҳадафи асосӣ ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Чаро мо, аз ду се ташкилоту ҳаракатҳои шомили Паймони миллӣ буда, маҳз номи ҳизби наҳзати исломиро ба забон овардем, чунки таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном исломӣ, ҳадафҳои ниҳоии худ роҳандозиву амалӣ менамоянд, ки дар ҳама ҳолатҳо ба манфиати мардуми оддии мусулмон набудааст. Хулоса, ҳадафи аслии бадхоҳони миллат – Муҳиддини Кабириву пайравонаш ва хоҷаҳои хориҷиашон давлати тоҷиконро, ки рӯ ба рушд аст, бо маблағгузоргузорӣ истифода аз ин гурӯҳи хоинони миллату давлат, ки бештарашон худро олиму донишманд мешуморанд, ба пешравию тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намуда, мехоҳанд, боз чандин солҳо рушди кишварро ба ақиб андозанд. Ин аст, ки бо ҳидоятҳои хоҷаҳои хориҷӣ Муҳиддини Кабирӣ бо пайравонашон номи ҳизбро ба як ҳаракати бо номи “Паймони миллӣ..” таъсис дода, бо ҷалби дигар ҳамватанони мо, ки ҷавон ҳастанду ғурури ҷавонӣ доранду аз ҳадафҳои аслии Кабириву пайравонаш бехабаранд, дар кишварҳои ғарбӣ паноҳандагии сиёсӣ дарс омӯхта, тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳанд. Ва чуноне, ки огоҳу шоҳид ҳастем, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин бадхоҳони миллат ва як қатор дастпарварони онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ дар ҳар баромадашон шаъну эътибори танҳо роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқӣ Тоҷикистонро паст задан кўшиш доранд. Бо ин васила миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Худ ҳамагон шоҳиди ҳодисаҳои охири замони муосир ҳастему дида истодаем, ки дар чунин вазъи ҳассоси паҳншавии сирояти бемории коронавирус “COVID-19”, ки тамоми башарият ба он муқовимат мекунад, ин бадхоҳони миллат бо роҳбарии Кабирии мазҳабфурӯш худро “ҳомии миллат” эътироф кардаву аммо дар асл миллату Ватанро аз зеҳнаш дур карда, зоҳиран бо ғаму андӯҳ, ботинан бошад бо шодиву сурур аз канор барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба расидани ҳадафҳои душманонаи аслии худу хоҷаҳои хориҷиаш мақсад дорад.

 Имрӯз, ки сиёсати халқпарваронаи роҳбари давлату Ҳукумати Тоҷикистон, тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама иҷозаи баробари таҳсил, кор ва зиндагии шоистаро кафолат додаасту сокинони кишвар баҳри пешбурди зиндагии хеш ба бунёди давлати ҳақиқатан ҳам ҳуқуқбунёду демократӣ саҳми босазою арзандаи хешро гузошта истодаанд. Имрўз шукргузорӣ аз он мекунем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Баробари ин бояд ҳама ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои маҳбуби миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктану якҷон гашта, дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанини хеш кўшиш ба харҷ диҳем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *