Мухитдинова Шоирахон Саидюсуфовна

Мухитдинова Шоирахон Саидюсуфовна 5 июли соли 1977 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Судғ, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1994 мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳри Хуҷандро хатм намуда, ҳамон сол ба Филлиали Хуҷандии донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1999 аз руи ихтисоси иқтисодиёт ва идораи корхона, касби иқтисодчӣ-менеҷер хатм кардааст. Солҳои 2006-2007 ба сифати омӯзгори фанни технологияи информатсионии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17 –и шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст.
Солҳои 2007-2010 ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳони комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, солҳои 2010-2017 ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Муассисаи давлати таълимии донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва солҳои 2017-2018 ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони фаъолият бурдааст.
Аз соли 2018 то соли 2019 ба вазифаи н.и.и, муаллимаи калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Муассисаи давлати таълимии донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд фаъолият бурдааст.
Соли 2019 ба ҳайси н.и.и., мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони донишкадаи номбурда таъин гардида, аз соли 2021 то ҳоло ба сифати н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон фаъолият бурда истодааст.
Корҳои таълимию методиро ба корҳои илмию тадқиқотӣ пайваста, натиҷаи корҳои илмию методии худро дар конфренсияҳои илмию методии донишгоҳӣ, вилоятӣ ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ маърӯза кардааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *