Дар ДИС ДДТТ бахшида ба Рӯзи бузургдошти модар маҷлиси тантанавии идона баргузор гардид. Нахуст, директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҳамаи занону бонувонро табрику таҳният намуда, таъкид кард, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа санаду барномаҳои зиёд қабул гардиданд. Имрӯз дар Донишкада шумораи зиёди занону бонувон фаъолияти назаррас доранд ва дар тарбияи насли ҷавон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Донишҷӯёни донишкада васфи Ватан, модар, зан, устод шеърҳо қироат намуда, барномаи рангини адабию фарҳангиро намоиш доданд. Ба як зумра занони донишкада, ки дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба валейбол байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сазовори ҷои дуюм гардиданд, Ҷом ва диплом тақдим гардид.
Сипас, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли ҳунари вилояти Суғд: Каромат Ҳоҷиева, Ҳасани Камол, Малоҳат Абдушукурова, дастаи ҳунарии “Хандинкамон” бо сарварии Гулбаҳор Ғаффорова занону бонувонро табрик карда, бо суруду тарона ва ҳаҷвияҳои дилнишин хотири аҳли нишастро болида намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинии идона ба собиқадорони меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.