ВАҲДАТ ВА СУЛҲИ УМУМИБАШАРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои бузург ба осонӣ муяссар нашудааст. Myҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷахонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ муаррифӣ гардид. Cиёcати ҷории давлат ба ҷаҳониён амиқу дуруст фаҳмонида шуд ва дар натиҷа дар доираҳои сиёсӣ ҳамчун намунаи ибратбахш мавриди пазироӣ ва эътироф қарор гирифт.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор хоҳем кард. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон бо шоҳроҳи пешрафту тараққиёт равона хоҳад шуд. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор менамоям. Хушбахтона имрӯз пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *