ВАТАНРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ МЕКУНЕМ!

Имрўзҳо дар мамлакатҳои мухталиф даҳҳо гуруҳҳои террористию экстремистӣ амал мекунад, ки бо таҳрибкориашон боиси бадбахтии миллионҳо нафар гаштаанд. Ин зоти нопок барои ноил шудан ба мақсади ниятҳои палидона ва касифонаи худ аз ҳеҷ гуна қабоҳат ва ҷаҳолат рў наметобад, ҳатто ба тифлакон ва занону пирони барҷомонда ҳам раҳм намекунад. Масалан ҳаводиси солҳои охир, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рухдода мисоли равшани ин гуфтаҳост, ки то моҳи майи соли 2021 бар асари ҳамалоти террористӣ, ҷангу даргирӣ 301 ғайринизомии кушта шуданд, аз ҷумла 20 нафараш зан ва 113 нафари дигар кӯдак мебошад. Баробари ин бояд қайд кард, ки имрӯз шабакаҳои интернет барои аксар ҷавонон дастрасанд ва ин ҳолатро муболиғони гурӯҳҳои ифротгарию террористӣ моҳирона истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла  барномаи ифротии “Садои мардум”, “Ҳақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” мағзи сари наврасону ҷавононро бо ғояҳои дурӯғину харобиовар заҳролуд кардан кўшиш доранд. Масалан, санаи 8 августи соли равон дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугуйи ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” Беҳрўз Тағойзода тариқи барномаи ифротии  “Садои мардум” баромад намуда, вобаста ба сафарҳои кории роҳбарияти олии кишвар ба Ҷумҳурии Туркманистон бо таври худ андешаронӣ намуда, бори дигар симои разилонашро нишон дод, ки нисбати ин хоини миллат нафрату адоватам боло гирифт .

Воқеан аксари аъзоёну роҳбарони созмони ифротию террористӣ, аз ҷумлаи ашхоси мардумфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуғл доштаанду доранд. Хоинони миллат барои ободии Ватани худ, зодгоҳи худ хиште нагузошта, корашон ҳамеша дар ҷустуҷўи айби касон аст!

Ҳазорон шукр, ки хиради азалии мардуми кишвар боло гирифт.Халқ дӯстро аз душман фарқ кард, роҳи бахту саодатро интихоб кард ва имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки таҷрибаи сулҳофариаш дар манотиқи дунё омӯхта мешавад, шинохта шудааст.

Имрӯз ягон нақшаи палидонаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз кор намеояд, зеро халқи тоҷик симои разилонаи ин гуна шахсонро медонад ва мешиносад. Аз гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз ҳар як фарзандаш меболад, мефахрад, дўст медорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад.

М. САИДХЎҶАЕВА,
сармуаллими кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *