



Вобаста ба ифротгароии динӣ андеша ронда бояд қайд кард, ки ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад. Аслан ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Дар замони муосир ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати ба ном исломӣ аст. Шахсони ҷоҳил ва хурофотпараст ба чунин таблиғот дода шуда, дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд. Аъзои гурӯҳҳои ифротии динӣ ба он назаранд, ки ягон давлати мусулмонӣ бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Онҳо ҳамаи ин давлатҳоро маҷбуран ишғол, ба таркиби «Хилофати ягонаи исломӣ» дохил ва ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба хилофати ягонаи худ тобеъ намуданианд. Онҳо давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлолро эътироф накарда, мехоҳанд ҳамаи ин давлатҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв намоянд. Масалан “Ҳизб-ут-таҳрир”, «ДИИШ»ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ба таври расмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамоянд. Алҳол ифротгароён баробари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишвари Осиёи Маркази-ро барои ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб намудаанд. Дар ниҳояти кор боз ҳамон давлатҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ менамоянд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтмудани амалҳои худ онҳо далелҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ эҷод менамоянд. Аз ин лиҳоз, имрӯз Осиёи Марказӣ яке аз минтақаи дорои аҳамияти махсуси сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ ҳамчунин мавриди таваҷҷуҳи тарроҳони сиёсӣ боқӣ мемонад. Хуллас, ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушуннат истифода мекунанд, аз ин рӯ, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад. Баробари ин бояд қайд кард,ки дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароии болозикр ва амсоли ин дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.Масалан раҳбарияту ҳаммаслак ва пайравони наҳзат ба ҳар роҳу васила, бахусус дар шабакаи интернет тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда шудааст. Саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус,аз ҷумла думрави наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин дар канали YouTube -и “Isloh. tv (“Ислоҳ.тв”) дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ва навнаҳзат Абухалил Восиев, лақабаш “Алмаз” мебошад, дар барномаи “Дурахши ҳақ” баромади ифротӣ менамояд.
Ин гуна тӯдаи афроди ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канорҷӯӣ намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд. Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо ҷой гирифта, ба айбҷӯйиву дасисакорӣ даст мезананд. Зери шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи худ ба амалҳои низоангезӣ ва тундгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” ва “хизмат ба дин” ташбеҳ мекунанд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Дар фароварди андешаи хеш хулосабарорӣ намуда,қайд менамоем, ки дар чунин шароит ба масъалаҳои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Бинобар ин, мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ