МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ!

       Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.

  

       Барои мисол, солҳои охир дар кишвари ҳамсояамон – Афғонистон садҳо нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.  Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Алҳол дар Афғонистон созмону ҳаракатҳо, аз қабили “Ал-Қоида”, “ДИИШ”, ки, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти ошкоро ва пинҳонии худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Ҳазорҳо ҷангиён аз саросари ҷаҳон дар сафи ДИИШ барои “Исломи холис” мубориза мебаранд, ки бо роҳбарӣ ва амалисозии чунин созмонҳо “қоидаҳо” –и ихтилофи таълимоти дини мубини Исломро бераҳмона иҷро мекунад ва худро пешво мешуморад. Чунин гурӯҳ барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дастовардҳои муосири илмӣ-техникии намояндагони худ, аз ҷумла воситаҳои алоқаи мобилӣ ва Интернет истифода мекунад.

Дар ҳоле ки аксарияти онҳо ошкоро тавассути саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба “ҷиҳод” ташвиқ мекунанд, гурӯҳи дигар зери ниқоби “корҳои хайрия” ба таблиғот машғуланд. Барои ҷалби аъзои нав ба сафҳои худ, онҳо гурӯҳҳои махсус таъсис додаанд, ки дар системаҳои худ бо фаъолияти виртуалӣ машғул шаванд ва бо ҷалби соҳибихтисосон. Дар натиҷа, таблиғи ғояҳои радикалӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube татбиқ карда мешавад. Тибқи таҳлилҳо 84% ҷавонон, ки дар терроризм, алахусус дар ДИИШ даст доранд, мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ҷалб карда шудаанд. Дар иртибот ба ин, қайд кард, ки имрузҳо дар Осиёми Марказӣ ва умуман дар кишварҳои ҷаҳони муосир, бештар ҷавонон ба тарғиботи экстремистию террористии гуруҳҳои фаъолияташон манъшуда гирифтор гардида, ба гумроҳӣ мерасанд. Чунончи  моҳи декабри соли 2021 донишҷӯи технологиии Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст.Ҷавони дастгиргардида, яке аз шаҳрванди кишвари Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангии ДИИШ-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд.

Ё мисоли дигар меорем, ки тибқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре аз Осиёи Марказӣ бо аъзоёни  ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар арафаи ҷашни Соли нави 2023  дар шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд ва оқибат аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари Туркия дастгир карда шуданд. Аз  мисолҳои мазкур хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки  имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад. Хулоса, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ муборизаи беамон мебарем .

К.КАЛОНОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *