Мушоҳидаву таҳлилҳо солҳои охир собит менамоянд, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд.
Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир кардаанд, ки оқибат ҷиноят содир намуда паси панҷар ва ё фирорӣ шуда, дар кофтубов қарор доранд.Чунончи тибқи иттилои Прокурори вилояти Суғд дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз моҳи декабри соли 2022 то ба имрӯз дар миқёси вилоят 1633 нафар ҷинояткорон дар кофтуков мебошанд.
Аз ин теъдод 662 нафар дар кофтуков буда, дастгир шудаанд. Аз ин 102 нафарашон ҷиноятҳои террористиву экстремистиро содир намудаанд. Бояд қайд кард, ки дар ҳамкории мақомотҳои қудратии кишвар бо мақомотҳои ҳифзи ҳукуқи давлатҳои иттиҳодияи мустақил (ИДМ) дар самти кофтукоби ҷинояткорон фаъолияти назаррас ба роҳ монда шуданд, ки дар натиҷа, аз ин миқдор 27 нафар аз ҷониби Федаратсияи Россия ва 1 нафарӣ ҷинояткорон аз тарафи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Озарбойҷон дастгир карда шудаанд. Хулласи калом, дар марҳилаи кунунии таърихӣ Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ ҳамкории судмадро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини амният ва андешидани тадбирҳои фаврӣ бо мақсади мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосири глобалӣ, терроризм ва экстремизм, транзити маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии аслиҳа, ҳалли мушкилоти марбут ба таъмини амният ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳониро дар бар мегирад. Хулоса ҳамкорӣ бо ИДМ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоса дорад. Умуман Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Сарвари кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад.
М.МАМАДҶОНОВА ,
устоди ДИС ДДТТ