МУБОРИЗАИ БЕАМОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ!

Мушоҳидаву таҳлилҳои охир собит месозанд, ки бархе аз ҷавонон таҳти таъсири ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ қарор гирифтаашон ба назар мерасанд. Дар робита ба ин масоил омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд. Аз ҷумла, сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки оқибат ба доми онҳо меафтанд. Масалан моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони гумроҳшудагони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Россия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Дар асоси расонаҳои хабарии Федератсияи Русия дар рафти тафтишот маълум гардидааст, ки ин гурӯхи ҷиноӣ дар асоси дастури Назаров Тоҷиддин, (лақабаш Абу Усама Норакӣ) амали номатлубро содир намудаанд. Оқибат ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони гумроҳшуда аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамгун ва ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гардад. Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сатҳи донишу маърифати дунявии ҷавонон хеле поён рафтааст ва маърифати диниашон низ шакли костагӣ ва нуқсондошта, онҳо дар бисёр маврид миёни оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеӣ фарқ гузошта наметавонанд. Ин танҳо мушкилоти имрӯзаи кишвари мо набуда, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори чунин проблемаҳо ҳастанд. Роҷеъ ба масъалаҳои хурофотпарастӣ Сарвари давлат зимни суханрониҳои хеш борҳо ибрози ақида карда, онро сабаби аслии костагии маърифати ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва вабои аср арзёбӣ намудаанд. Баробари ин аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат иқтибос овардан бамаврид аст, ки ба ин масъалаи муҳим диққати махсус дода, иброз доштаанд: «Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, хурофотпарастию ифротгароӣ, инчунин, таҳқиҳи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд». Бинобар ин, давлат ба хотири таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоят аз сиҳатии шаҳрвандон ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон метавонад чораҳои зарурӣ ва ҷиддиро ҳам ба кор гирад. Дар фарҷоми андешаи хеш бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида қайд кардан ҷоиз аст, ки ҷиҳати пешгирии терроризм, хурофотпарастию ифротгароӣ пеш аз ҳама, ҷавононро лозим меояд, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурӯҳҳо худдорӣ намуда, дар зидди ин вабои аср бояд муборизаи беамон бурд!

МАННОНОВА Р.,

Ҷонишини декан оид ба илм

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *