ҶАВОНОН БОЯД САБАҚҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО ҲАМАҶОНИБА ОМӮЗАНД

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи онҳо ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа тадбирҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва ғайра. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Ҷавонони мо ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд. Аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ шукргузорӣ менамоянд, зеро медонанд, ки дар дунё давлату ҷомеаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора – пора шуда истодаанд.
Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист. Ҳамчунин ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд.

Т.САЛИМОВ.,

сармутахассис оид ба

сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *