Мо зимни андешаи хеш борҳо оид ба терроризиму экстремизм ибрози андеша намуда будем ва боз зимни навбати навбатии худ қайд менамоем, ки дар чанд даҳсолаи охир терроризму ифротгароӣ зери ниқоби гуруҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ баромад намуда, хусусиятҳои диниву масҳабӣ касб мекунанд. Яъне гуруҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дин ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезаданд. Чун ағлаби фирқаву ҷараёнҳои афротӣ аз номи дини мубини Ислом даромад намуда, аз ин оини муққаддас чун василаи татбиқи хадафҳои муғризона истифода мекунанд, дар натиҷа номи Ислом ва пайравони он чун «дини терроризм» ва «террорист» доғдор мегардад. Дар асл шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва дахшатноки терроризму ифротгариро шадидан махкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шавқат, эхтироми байниҳамдигарӣ, иззату икроми волидайн ва дар маҷмӯъ ба аъмоли нек раҳнамоӣ мекунанд.
Дар баробари ин бояд қайд кард, ки кишвари мо, Тоҷикистон, аз минтақаҳои даргири терроризм аз нигоҳи ҷуғрофӣ як андоза дар канор бошад ҳам, фаромӯш набояд сохт, нооромии минтақа ва кишварҳои ҳамсояву ҳаммарз, бахусус Афғонистон метавонад, моро ором нагузорад. Зеро паси зуҳури ҳодисаҳои террористӣ ва ифротгароӣ қурбониву хисороти ҷониву мулкии ҳазорҳо нафар инсон муқаррар дорад, ки ин падида ҳеҷ як нафар аз мардуми соҳибиродаву соҳибақлро ором гузошта наметавонад. Чунонки дар гузоришу паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт таъкид мешавад, ки кишвару давлати мо терроризмро дар ҳама шаклу падидаҳояш қатъин маҳкум менамояд. Ҳукумати кишвар агар бо қабули қонуну созишномаҳо ин равандро суръат бахшад, шаҳрвандони он ҳар амали марбут ба терроризму ифротгароиро сари вақт маҳкум менамоянд. Набояд фаромӯш намуд, ки мубориза бо терроризм зуҳуроти барои инсоният бегона, бино бар мураккабияш вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи бани башар аст. Бояд ҳар нафар, хоса насли ҷавон, ки таҳарруку эҳсоси зудтарканда хоси онҳост, дар бартараф ва пешгирӣ намудани ин падидаи фалокатбору ваҳшатзо саҳм гузорад ва пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натичаҳои он андешад.
Дар шароити шиддатёбии ҷаҳоншавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷахонӣ эктремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст. Бо ин мақсадҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмӯи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст. Масалан дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ – ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди тероризм ва эксремизм ишғол мекунанд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 № 1717 тасдиқ шудааст.
Айни замон, дар шароити бархурди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа маҷмӯи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо зарурият, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фархангӣ – миллӣ, ғояҳои пешкадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст, роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бе бозгашт пеш гирифтааст, зарурати тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон барало мушоҳида шуда истодааст.
Дар фарҷоми изҳороти хеш бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида бояд қайд кард , ки таълиму тарбияи насли наврас дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшносии миллӣ, эҳтироми ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад . Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар,омузгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти хешро на танҳо бо шиору гуфтор ,балки бо меҳнати софдилона ва солимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулият ношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон,ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Д. ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ