МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

Солҳои охир афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африкои Шимолӣ, Аврупо ва бахусус бесарусомонӣ дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Ин ҳолатро Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом – Паймони миллӣ (ТТЭ ҲНИ-ПМ) истифода намуда, имрўз дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехтан кўшиш дорад. Дар робита ба ин таҳлилҳо собит менамояд, ки ҳоло ҳам аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ – ПМ ва дигар созмону равияҳои ифротӣ дар ҳудуди ҷумҳур содиршавии ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта ба назар мерасад. Чунончӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2021 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои доихилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 нафар бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ 10 нафар, “Ихвон-ул-муслимин” 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) 26 нафар, “Салафия” 45 нафар, “Гурӯҳи 24” 13 нафар, “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” 6 нафар, “Ал-Қоида” 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафар ва Ҳаракати исломии Узбекистон 5 нафар мебошанд. Инчунин дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 то шаш моҳи аввали соли 2021 ба кишвар 647 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористию экстремистӣ, иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона дар дигар кишварҳо ба зодгоҳ, ба ҳаёти хушу осуда баргардонида шудаанд.

Хулоса, бо назардошти масъалаи матраҳгардида ва рақамҳои омории зикршуда моро ҳушдор медиҳад, то ба хулосае омада, дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд. Бинобар ин имрўз ҳар як фарди ҷумҳурц бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат аст.

НЕЪМАТОВ М.А.,
мудири шуъбаи кор бо ҷавони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *