АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ТТЭ ҲНИ ВА ДИГАР РАВИЯҲОИ ИФРОТӢ ОШКОР ГАРДИДАНД!

Таҳлилҳо собит менамояд, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсонро нодида мегиранд. Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд.Бинобар ин содиршавии амалҳои террористӣ дар қаламрави ҷумҳури аз назар соқит нест. Гурўҳҳои манфиатхохи террористию экстремистӣ, аз қабили ТТЭ ҲНИ, Гурўҳи -24 ва дигар равияҳои ифротӣ ба максадҳои ниҳоии худ нарасида, асосан ба кишвари Аврупо ба фирор карданд ва бо кўмаку дастгирии намояндагони ташкилотхои террористии байналмилалӣ силсилаи амалхои террористиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карданро кўшиш доранд. Дар робита ба ин қайд кардан зарур аст, ки хушбахтона фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт имкон дод, ки пеши роҳи содиршавии як ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Исфара ва ду суиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ бояд сурат мегирифт, пешгирӣ карда шуданд. Баробари ин бояд қайд кард, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои доихилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 нафар аъзоёни ташкилотщои террористӣ ва экстреместӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аз ҷумла Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) – 26 нафар, “Салафия” – 45 нафар, “Гурӯҳи 24” – 13 нафар, , “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар, “Ал-Қоида” – 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар, ТТЭ ҲНИ – 6 нафар , Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар дастгир карда шуданд.Инчунин соли равон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷeмҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 39 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки дар амалиётҳои ҷангӣ дар хориҷ аз кишвар иштирок доштанд, ихтиёран ба Ватан баргардонида шуданд.

 Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишварамон кўшиш намоянд.


МИРБОБОЕВА Т.Х.,
дотсенти кафедраи ҷ
омеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *