
Мусаллам аст, ки имрўзҳо амалҳои террористиву экстремистӣ ва роҳҳои маблағгузории он аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, хариду фурўши одамон, силоҳ ва фасод таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро ба миён овардааст. Дар минтақаҳои гуногун ,аз ҷумла ба тинҷиву оромӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз таърихи начандон дури кишварҳо ёдовар шуда, бояд қайд кард, ки ҳанўз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чун Тоикистон ва Ўзбекистон хатари зуҳури созмонҳои террористӣ ва ифротгароро дар ҳудудҳои худ эҳсос намуда буданд. Таҳдиди созмонҳои ифротгаро ва террористӣ дар ин ду кишвар зиёд ба чашм мерасид, ки дар натиҷаи муқовимат намудан бо онҳо шумораи зиёди нафарони андешаи ифротӣ дошта ба Афғонистон фирор карданд ва заминаи ташкили “Ҳаракати исломии Ўзбекистон” дар ҳудуди ин кишвар шуданд. Гароиш доштани ҷавонон ба андешаҳои ифротӣ ва тундгароӣ (радикализм) як давраи муайян гўё паст гардид, аммо бо зуҳури фаъолияти ташкилоти экстремистии “Ҳизби -ут- таҳрир” ва ҳаракати “Салафия” ин масъала аз ҳалталаб ва муҳим будани худ дарак дод. Хусусан шурўи низои мусаллаҳона дар Сурия ва идома пайдо намудани низоъ дар Ироқ ва дар заминаи ин ду низоъ таъсис шудани созмони тундгаро бо номи «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва пайвастани ҳазорон нафар аз ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин созмон аз ҳалталаб будани мушкилоти ифротгароӣ ва терроризми байналхалқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дарак доданд. Низои Сурия ва Ироқ то як андоза бонги хатаре барои кишварҳои Осиёи Марказӣ гашта, баъдан зуҳури ДИИШ нишон дод, ки дар таркиби аҳолии ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ то чӣ андоза ҷонибдорони андешаҳои ифротӣ ва террористӣ мавҷуданд. Имрўзҳо низ ба таври дақиқ рақам зада намешавад, ки чӣ миқдор аз чунин афрод дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд. Ҳодисаҳои террористии солҳои охир, баёнгари он аст, ки ҳамаи нафарони андешаи ифротӣ ва тундгароӣ дошта ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказиро тарк накардаанд ва ҳар лаҳза метавонанд ба амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа таҳдид намоянд. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризми байналхалқӣ ҳамеша омодагии худро эълон намудааст ва дар ин ҷода ҳамкорӣ намудан бо кишварҳои дигари Осиёи Марказиро яке аз бартариятҳои сиёсати хориҷии хеш медонад. Хусусан, таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мушкилот хеле ҷиддӣ аст. Дар ҳар паёму баромадҳои хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати муқовимат бо ифротгароиву терроризм ва пешгирии он ёдовар мегарданд ва ҷалби тамоми нерўҳои солими ҷомеаро дар ин масир талаб медоранд. Воқеан, Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози СММ ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шўрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, кишварҳоро мебояд, ки ҳамгироии худро чӣ дар равобити дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ алайҳи ин падидаи даҳшатбор боз ҳам таҳким ва густариш бахшанд. Хулоса, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлативу доираҳои алоҳида, балки вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту инсондӯст ва ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Агар мо пойбанди ҳамин асл бошем ва алайҳи терроризму ифротгароӣ муқовимат нишон диҳем, дар ҳифзи сулҳу ваҳдат, фазои осудаи Ватани маҳбубамон саҳмгузор хоҳем буд.
М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд
