Муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ

Бо иштироки аъзои Шӯрои олимони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар донишкада муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ баргузор гардид.
Дар муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ин навбат рисолаҳои ду нафар устодони донишкада, ки ба ҳимояи рисолаҳои илмии хеш машғуланд, дида баромада шуд. Аспиранти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ Ниёзов Ҷамолиддин Сафарович, рисолаи номзадии хешро ба муҳокима гузошт, ки мавриди баррасии аъзои Шӯрои олимон қарор гирифт. Ҳамзамон ассистенти кафедраи назарияи иқтисоди донишкада Муҳиддинова Ш аз кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, рисолаи номзадии хешро ба муҳокима гузошт. Муҳокимаи рисолаҳо дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гашта, барои рушди илм ва дастгирии олимони ҷавону навқалами донишкада мусоидат хоҳад кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *