Бемории СПИД-ро пешгирӣ бояд кард!


Бо мақсади мубориза алайҳи бемории марговари БПНМ (СПИД) ва пешгирӣ кардани он дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки намояндагони муассисаҳои тандурустӣ ва мубориза бо бемориҳои сирояткунандаи вилоят чорабинии фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоти судманд баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои вилоятӣ бахшида ба Соли фарди солим таҳти шиори «Насли солим-ҷомеаи солим» баргузор карда шуд.
Дар мулоқот табиби сироятшиноси Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ-и вилояти Суғд Азиза Ниёзматова суханронӣ карда, оид ба паҳлӯҳои сироятшавӣ, оқибатҳо ва хатари бемориҳои ба СПИД мубаддалшавандаи инсон тариқи слайдҳо маълумоти муфассал дод. Номбурда зимни суханронии хеш иброз дошт, ки бемории СПИДро пешгирӣ кардан мумкин аст, дар ҳоле, ки инсон ба чанд қоидаи на он қадар душвор риоя намояд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ намоянда аз Маркази солимгардонии тиббии вилоят, табиб Нодирҷон Худойбердиев иштирок намуд, ки ба суолҳои пешниҳодкардаи донишҷӯён посухҳои мушаххас дод.
Дар чорабинии фарҳангие, ки аз ҷониби донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои 25010407 р (молия ва қарз) ва 25010403 та (андоз ва андозбандӣ) таҳия шуда буд, асосан аз хондани суханони ибратбахши бузургон, дойранавозӣ, рақси якка ва сурудани сурудҳои эстрадӣ иборат буд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонишини директори донишкада оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Гулчеҳра Аҳророва баромад карда, баргузории мулоқотро амри зарурӣ ва талаби замон арзёбӣ намуд.

Ҳамин тариқ, чорабинӣ ва мулоқоти мазкур ба донишҷӯён аз хатарҳои сироятшавии бемории маргбори СПИД маълумоти муфид бахшида, андешаҳои онҳоро дар муносибат бо ин доғи рӯз андаке ҳам бошад, тағйир дод.

Мадинахон БУЗУРУКОВА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *