Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон волотарин дастоварди миллат

Дар донишкада бо ташаббуси кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ бахшида ба 24-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси устодон, олимон ва магистрантон баргузор гардид.
Конфронсро муовини директор оид ба илм, доктори илми иқтисод, профессор Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ бахшида, нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро дар тақдири давлатдории навини тоҷикон бағоят саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ кард. Номбурда гиромидошт ва арҷгузорӣ карданро ба ин санаи фархунда фоли нек пиндошта, баргузории конфронсро бахшида ба 24-умин солгарди он кори хайр ва амали саривақтӣ номид.
Сипас, иштирокчиёни кори конфронс баромади пурмӯҳтавои н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Темир Дадобоевро, ки худ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бевосита иштирок намудааст, бо мароқ гӯш андохтанд. Мавсуф аз лаҳзаҳои ҳассоси вазъияти баргузории Иҷлосия, қарорҳо ва фармонҳои дар он қабулгардида, иштирокчиёни он ва рафти баргузории Иҷлосияро, ки худ шоҳиди онҳо гардидааст, батафсил нақл намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд кард: «Бузургтарин натиҷаи кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ман дар он ба ҳайси депутати Шӯрои Олӣ иштирок намудам, пеш аз ҳама, ин ба эътидол овардани вазъияти сиёсии мамлакат, интихоби Раиси Шӯрои Олӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, қабули муқаддасоти Тоҷикистон, ба танзимдарории идораву мақомотҳо ва шохаҳои ҳокимият, масъалаи ба ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва сулҳу оштии миллӣ буд, ки дар фарҷоми он қувваҳои даргири миллат, қумондонҳои саркаш бо ибораи дигар “боевикҳо”-и ҷангҷӯй ва тамоми иштирокчиён сари як пиёла ҷой нишаста, оши оштӣ хӯрданд ва ба қарордодҳои хеш содиқ монданд».
Ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ Сатторова Н. М. дар мавзуи «Иҷлосияи фаромӯшнопазири миллат» баромад карда, аз ҳадафу дастовардҳои кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва аҳамияти таърихиву ҳуқуқии он андешаҳои ҷолиб баён кард.

Баъдан, магистранти курси 2-юми ихтисоси 240103 ҳуқуқи иқтисодии донишкада Ҷуманазарова Ф. дар мавзуи «Иҷлосияи XVI-зербинои кохи бегазанди сулҳ» баромад карда, оид ба паҳлӯҳои гуфтушуниди гурӯҳҳои мухолифи Иҷлосия ва ба сари мусолиҳоти сиёсӣ омадани онҳо бо далелу арқоми мустанад маълумоти муфид иброз дошт.
Мавриди зикр аст, ки конфронси мазкур бо шунидани маърӯзаҳои умумӣ дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ба кори худ шурӯъ карда, дар кафедраҳо он дар се бахш: бахши ҳуқуқӣ, иҷтисодӣ ва ҷамъиятшиносӣ идома дода мешавад, ки таҳлилу тадқиқотҳои анҷомдодаи олимону устодон ва магистрантон мавриди ҳаллу баррасӣ қарор мегиранд. Маводи конфронс дар шакли китоби алоҳида ҷамъоварӣ шуда, пас аз анҷоми кори конфронс чоп карда хоҳад шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *