МО ТАРАФДОРӢ СУЛҲ ВА ЯГОНАГӢ!

Мардуми бомаърифату ватандӯсти Бадахшон огоҳанд, ки имрӯзҳо дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон нооромиҳои сиёсии Толибон дар авҷ аст. Набояд чунин амалҳои зишти ин золимон ба Ватани мо таъсири худро расонанд. Инро мардуми шарифи Бадахшон ба дурустӣ дарк бояд намоянд.

Имрӯзҳо гурезаҳову хоинони миллат аз хориҷ истода, мардуми Бадахшонро ба гумроҳӣ даъват мекунанд. Бояд иқрор шуд, ки ин муғризон чандин маротиба чунин амалҳо ва ҳадафҳои нопоки худро мехостанд роҳандозӣ кунанд.

Мо бояд тифоқо бо ин пеши амалҳои ҷиноятии ин хоинонро гирем, то мардуми осоиштаи Бадахшон фирефтаи ин разилон нагарданд.

Вазъи ба амал овардаи чанде аз нохалафон имрӯз аҳли ҷомеаи кишварро нигарон сохтааст. Мо бояд шукргузорӣ аз тинҷии Тоҷикистон кунем ва баҳри пешрафти он саҳм гузорем.

Оромии ҳар гӯшаи Ватан боиси амнияти комили мост. Мо аз вазъи имрӯзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хубӣ огоҳем. Бадхоҳони миллат дар ин вилоят нооромиро ба вуҷуд оварда истодаанд, ки боиси нигаронии ҳамаи сокинони мамлакат гардид.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *