АЗ АМАЛҲОИ ПАСИПАРДАГИВУ ХИЁНАТКОРОНАИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ОГАҲЕМ!

Боиси афсӯс аст, душманони ғаддори бани башар дар ҳама марҳилаҳои таърих арзи ҳастӣ доранд ва ҳеҷ аз таҳрибкорию зулму асорату даҳшатафканӣ даст намекашанд. Чунончи, аз тамошои филми мустанад бо номи “Шикасти фитна”, ки тариқи барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки бори дигар мо аз амалҳои пасипардагиву хиёнаткоронаи саргардагони гуруҳҳои муташаккили Бадахшон, роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ва сарпарастии хоҷагонашон бохабар шудем.
Дар филми мазкур, ки оид ба ҳодисахои соли охир дар Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон суҳбат меравад, ки хиёнатҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва нақшаву амалҳои разилонаи онҳо аз ҷониби яке аз роҳбари ташкилоти ғайриҳукуматӣ бо номи “Номус ва инсоф”, таҳрибкор Мамадшоева Улфатхоним сурат гирифт. Бо иқрор Мамадшоева У. иброз медорад, ки ходисахои дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон руйдода, маҳз бо роҳбарии Шерзамонов Алим, муовини роҳбари ташкилоти терорристӣ бо номи “Паймони миллӣ”(ПМ) маблағгузорӣ ва тарҳрезӣ шуда, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содир шудааст. Яъне бори дигар ба қазияи Бадахшон даст доштани роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ПМ аён гардида, тасдиқ шуд.
Тавре аз навор маълум гардид, дар барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ дар Бадахшон даст доштани яке аз кишварҳои Ғарб баръало маълум мегардад. Инчунин аз баромади собик хизматчии рутбатодори олии низомӣ Холбашев Холбаш равшан гардид, ки дар воқеъ ӯ ба сифати хиёнаткор вазифаи мубаллиғро ба уҳда дошта, мардуми Рӯшонро ба гумроҳиву хиёнат даъват намудааст ва пурра аз амалҳои номатлуби содирнамудааш иқрору пушаймон шуд.,ки пушаймонӣ суд надорад. Хиёнат ба ватан, ба зодгоҳи худ амалҳои нопок, ноинсонӣ баҳисоб меравад.Ин амал нобахшиданист!
Гуфтан ба маврид аст, ки ин филм тавонист чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷик ва ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва яке аз кишварҳои Ғарб роҳандозӣ шуда буд, ба дараҷаи олӣ ошкор созад.
Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки имрўз шукронаи онро дорем, ки халқи фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ин рўзҳои мудҳишро паси сар намуда, ба ин рўзи сулҳу оромӣ расад. Маҳз бо саъю кўшиш, талошҳо ва хизматҳои шабонарўзонаи ин шахси сиёсатпеша Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрўз мо мардуми тоҷик ба Ваҳдати миллӣ расидем ва дар рузҳои наздик 25 -умин солгарди онро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳем гирифт. Ҳоло бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки марзу бум ва халқи худро ба пуррагӣ ҳимоя карда метавонад ва кафили якпорчагии кишвари азиз мебошад.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *